«Интихобот бояд омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад». Эмомалӣ Раҳмон
Мардуми шарифи Тоҷикистонро дар пеш ду маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи миёндаврӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия интизор аст. Ёдовар мешавем, ки санаи 4-уми феврали соли равон Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ дар бораи таърихи 10-уми апрели соли 2016 интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботиии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 таъйин гардид.
Бинобар ин аз ҷониби Конференсияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе номзадии собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Насриддинзода Э.С. ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 пешниҳод карда шуд. Воқеан, пешноҳоди номзадии устод арзанда ва қобили ситоиш аст.
Насриддинзода Э.С. дар тули фаъолияти роҳбариаш дар факултети ҳуқуқшиносӣ ба рушду инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ саҳми бориз гузошт. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии устод буд, ки дар як муддати кутоҳ мутахассисони зиёд рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дифоъ намуда, ба пиёдасозии сиёсати кадрии пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ заминаи мусоид фароҳам овард. Ин ҳама заҳмату талошҳо боварию таваҷҷуҳи Роҳбари ҲХДТ нисбати устодону омӯзгорони соҳибтаҷриба, донишманд ва унвону дараҷаҳои гуногуни илмидошта боз ҳам зиёд намуд.
Инак, маъракаи пешазинтихоботии Насриддинзода Э.С. оғоз гардида, ҳамарӯза, устод бо интихобкунандагони ҳавзаи мазкур суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодааст. Ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагон иштирокчиён ҷонибдории худро аз номзади ҲХДТ иброз дошта, бо саодатмандӣ ва дилу нияти пок сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҶТ-ро ҷонибдорӣ намуданд. Интихобкунандагон ба номзадии устод боварӣ ва эътимоди қавӣ дошта, умед доранд, ки ӯ барои боз ҳам касбӣ намудани парлумони кишвар мусоидат мекунад. Аз ҷумла интихобкунандагон иброз доштанд, ки барномаи пешазинтихоботии Насриддинзода Э.С. ба марому мақсади дардилдоштаи онҳо мувофиқ буда, аз барономаи ҲХДТ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
Садорат, устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ итминони комил доранд, ки Насриддинзода Э.С. дар интихоботи дарпешистода бо шарафмандӣ пирӯз хоҳад шуд. БА ПЕШ, БА СЎИ ХИРАДУ СОЗАНДАГЇ!
Тарҷумаи ҳол
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин 2 июли соли 1966 дар ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаб-интернати шаҳраки Кангурти ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) гирифтааст. Ў дар қатори садҳо нафар ҷавонони меҳанпарасту хештаншинос бо кумаку мусоидат, сахтгирию навозишҳои омӯзгорон ва мураббиёни масъулиятшиноси ин махзани шуҳратдори таълимии даврони Шӯравӣ соҳиби хату савод ва таълиму тарбияи фарогир гардидааст. Соли 1983 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 1990 онро бомуваффақият хатм кардааст. Ба мисли ҳазорон ҷавони ҷасуру шуҷои Ватан солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбиро адо намудааст. Дар асоси роҳхатти комиссияи таҳсилоти давлатии мутахассисони ҷавон ҳамчун донишҷӯйи аълохону масъулиятшинос, босаводу хушодоб ва ҳисси баланди миллидошта ба сифати омӯзгори Донишгоҳи мазкур тавсия карда шуд. Дар умум то соли 2006 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон ва мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 2000-2003 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, баъд аз хатми он то соли 2006 чун унвонҷӯйи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳқиқ машғул шудааст. Фаъолияти минбаъдаи корӣ ва илмию таълимии мавсуф то ҳол ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иртибот дорад. Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин аз соли 2006 ба ин тараф дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, муовини декан оид ба корҳои тарбия (2007-2009), муовини декан оид ба таълим (2009-2011) ва декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2011-2016) кор кардааст. Ў соли 2008 дар мавзӯи “Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ ва соли 2014 дар мавзӯи “Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ – тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Дар замони роҳбарии ӯ тағйироту навгониҳо ва ислоҳоту таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби устодону омӯзгорони ин боргоҳи маърифат беш аз 2000 кори арзишманди илмию таълимӣ ва методӣ таълиф шуда, 44 рисолаи илмӣ (9 рисолаи докторӣ ва 35 рисолаи номзадӣ) ҳимоя шудаанд. Дар ин миён аз ҷониби факултети ҳуқуқшиносӣ ба даҳҳо лоиҳаи қонунҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои миллӣ хулоса ва тавсияҳои судманди илмӣ пешниҳод шудаанд.
Номбурда дар доираи гурӯҳҳои корӣ ба як қатор кишварҳо, аз қабили Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Қирғизистон сафари корӣ анҷом додааст. Аъзои комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва бахшиши ҷазо ва Шӯрои илмию машваратии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчун олим ба қалами ӯ беш аз 100 асари пурарзиши илмию таълимӣ (аз ҷумла, 4 рисола (монография), 4 китоби дарсӣ, 4 воситаи таълимӣ) мансубанд. Мавзӯи асосии таҳқиқотии илмии ӯро проблемаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию патриотизм миёни ҷавонон, тадбирҳои мустаҳкам намудани муқовимат бар зидди терроризму экстремизм, мубориза бо коррупсия ва такмили низоми таълимоти ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон фаро мегиранд.
Барои хизматҳои шоён ва намунавиаш дар соҳаи таълиму тарбия ва парвариши мутахассисони лаёқатманди ҷавобгӯйи бозори меҳнат бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, медали ҷашнии “90 – солагии адлияи Тоҷикистон” ва мукофоти давлатии “Ордени Шараф дараҷаи II” сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Дар асоси қарори конференсияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ номзадии ӯ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ № 1 пешниҳод шудааст.
Умед дорем, ки Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дар сурати сазовор шудан ба бовару эътимоди интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии якмандатии Фирдавсӣ № 1 тамоми кӯшишу ғайрат ва нерую матонати хешро баҳри таҳия ва қабули қонунҳои ифодакунандаи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии сокинони Ватани маҳбубамон, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, равона хоҳад кард.
Иззатулло Маҳмудов
Ҷаҳонгир Саъдизода
Муҳаммадҷон Соҳибов