ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад.

Эмомалӣ Раҳмон

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шуравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале мутаассифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем. Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90 – уми асри 20 ба сари мардуми мо омад, барои мардуми ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: ” Ман ба шумо сулҳ меорам” ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд. Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба Ваҳдат омад.

Ҳамасола 27 июн мо – халқи шарафманди тоҷик бо камоли сарафрозӣ Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Зеро ҳанӯз 28 сол муқаддам дар ин рӯз хостаҳо ва ормонҳои чандсолаи мардуми ҷафодидаи тоҷик, ки ташнаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ буданд, амалӣ гардид. Он рӯзи таърихӣ, ки дар шаҳри Маскав миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандагӣ наҷот дод.

Оре, Ваҳдату ягонагӣ буд, ки душвориҳо ва монеаҳо дар кишвари азизи мо паси сар шуданд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард ва кишвари азизамон аз ҳар лиҳоз ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид гардид.

Ваҳдати миллӣ яке аз сарчашмаҳои асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар таърихи навини тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар унсурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ меъмори сулҳи пойдори тоҷикон ва ваҳдату якпорчагӣ мебошанд, дар ин хусус чи хуб фармудаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат дарахти сулҳу ваҳдат номиданд, воқеан имрӯзҳо меваи ширину пурсамар ба бор овардааст.

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.

Ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери ин вожаи гуворо ҷуз аз шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигаре нест. Дар ҳақиқат сулҳу ваҳдат неъмати бузург аст. Дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд ва ифтихор мекунанд аз якпорпчагӣ, аз осоиштагӣ, аз сулҳу ваҳдат, аз истиқлолият.

Мо, ҷавонони даврони Истиқлол ифтихор мекунем, ки кишвари азизи мо ба шарофати ҳамбастагии халқи шарифи тоҷик таҳти роҳбарии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳ ба сӯи музаффариятҳои бузург пеш гирифт. Пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва устувории Истиқлоли давлатиро дар ҳар қадам ва дар ҳар самт ба хубӣ эҳсос мекунем. Дар ҳама соҳа, махсусан соҳаи варзиш сол то сол дастовардҳои бузургу комёбиҳои беназир насиби фарзонагони тоҷик мегардад, ки боиси сарфарозӣ аст.

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе, сулҳу ваҳдати моро халалдор созад. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро,

Боз кардӣ ин гиреҳи тангро.

Эй мураббӣ, эй абарустоди сулҳ,

Бар ҷаҳон омӯз ин фарҳангро.

Агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷои сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.

Дар охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 28 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад!

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.

То яроқи тезгардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунанд шармандаи рӯи ҷаҳон.

Манижаи Баҳодур – магистранти соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносӣ