Таҷлили 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ – ҷашни сарнавиштсоз, нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.
Таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ собит месозад, ки бузургтарин муқаддасот барои ҳар як қавму миллат соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Дар воқеъ сулҳу ваҳдат ба ҳар як қавму миллат озодии пешбурди сиёсати дохлӣ, хориҷӣ ва имконияти бузугро дар роҳи амамлишавии тамоми мақсадҳои созанда ва ободкорона ба вуҷуд меорад. Ваҳдати миллӣ калид ва кафили ҳама хушбахтиҳо барои миллат мебошад. Ҳамин аст, ки ҳар як қавм мехоҳад, то дорои чунин падидаи нодир бошад. Вале на ба ҳар як халқ муяссар мегардад, ки ба чунин падидаи нодиру бисёр муҳимми муттаҳидкунандаи ҷомеа даст ёбад.
Дар ин хусус Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки “Мо ваҳдати миллиро дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.”
Мутаассифона дар ибтидои касби Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бо таъсири таъсири омилҳои дохилию беруна суботи сиёсии Тоҷикистони навбунёд зери хавфу хатари ҷиддӣ қарор гирифт. Давлати нав масири истиқлолро пешгирифта ба моҷарои сиёсие рӯ ба рӯ гардид, ки он ҳар лаҳза ба ҳастии миллати тамаддунофари тоҷик таҳдид мекард. Оқибатҳои даҳшатнок ва таъсири хеле манфии ҷанге, ки аз тарафи доираҳои мушаххас ва душманони миллат бо мақсади ба сари мардум бор кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва ташкили давлати исломӣ сар шуда, сабаби ҳалокати зиёда аз 150 ҳазор аҳолӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ гардид ва имрӯз мардуми кишвар даҳшати солҳои 90-умро фаромуш накардаанд.
Душманони миллат тавонистанд, ки дар як марҳилаи ҳассос ва сарнавиштсоз ба сари мардум бадбахтиҳои зиёд оварда, дар дохили як давлат ва миллат ҷанги шаҳрвандиро созмон диҳанд. Истиқлоли давлатӣ ба имтиҳони хеле душвору мураккаб рӯ ба рӯ гардид. Хушбахтона, таҷрибаи таърихии миллат имкон дод, ки ин марҳилаи мураккаб ба душворӣ ҳам бошад, сипарӣ гардад.
Дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин замина, санади муҳимму тақдирсоз “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Новобаста аз моҷарои сиёсӣ ба хотири нигаҳдошти тамомияти арзӣ ва Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи амали гардидани ислоҳотҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар роҳандозӣ шуд.
Дар воқеъ, муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навин баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ – ин Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар заминаи он ҳадафҳои стратегии миллӣ дар роҳи амалишавӣ қарор дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ислоҳотҳои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи муҳим ва асосӣ эълон намуда, тавонист, ки бо шарофати кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавиирода рушди пайваставу устувори иқтисодии мамлакатро таъмин намояд. Имкон фароҳам омад, ки бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ мамлакатро фаро гирифта буд, бо қабули барномаҳои мушаххас ва самаранок марҳила ба марҳила бартараф карда шавад. Мардуми кишвар аз ҳолати буҳрони амиқ баромада, ба марҳилаи рушди ҳамаи соҳаҳо қадами устувор гузошт. Махсусан, муқовимат ва истодагарии низоми иқтисодии кишвар дар рӯ ба рӯйи фишори буҳрони иқтисодии умумиҷаҳонӣ, ки то ҳол идома дорад, бори дигар аз устувории вазъи иқтисодии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Имрӯз мо дар марҳилаи давлатсозӣ қарор дорем, чунки азнавсозӣ дар аксар соҳаҳои муҳимми ҷомеа аз сифр оғоз шудааст. Вазифаи мо имрӯз дар назди миллату давлат ва Ватан, пеш аз ҳама, созандагиву бунёдкорӣ дар заминаи шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллист. Зарур аст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ҳар як аъзои ҷомеа новобаста аз касбу кор талош варзаду рисолати хешро содиқона ба сомон расонад. Чунки ба даст овардани ваҳдати миллӣ як қисми кор асту боқимонда чи тавр нигаҳдошту истифодаи он аз ҷомеа вобастагии зиёд дорад, ки то чи андоза аз ин падидаи нодир истифода менамояд.
Ваҳдати миллӣ бори дигар ба тоҷикон имконият фароҳам сохт, ки хешро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянду ҷойгоҳ ва мақоми мустақилу сазовори Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин созанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар аввалин Муроҷиатномаи хеш дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, барқарор намудани муносиботи дипломатӣ бо тамоми давлатҳое, ки мехоҳанд бо кишвари мо дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои судманди дуҷониба ҳамкорӣ намоянд, таҳкими робитаҳои неки ҳамсоягиро бо кишварҳои минтақа пеш гиранду ба корҳои дохилии якдигар дахолат накунанд, таъкид намуда буданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ин усулҳои бунёдии сиёсати хориҷии Тоҷикистон минбаъд такмил ёфта, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаанд. Ҳамчунин ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои давлат ба таври огоҳона сиёсати “дарҳои кушод” интихоб карда шуд, ки минбаъд ҳамчун мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳхоҳ амал карда, натиҷаҳои дилхоҳ дод ва мақоми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муайян кард.
Дар айни замон бо интихоби сиёсати воқеъбинона, дурандешона ва пешбурди низоми пешрафтаи давлатдорӣ Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ ва дар раванди ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ба ҳайси шарики боэътимод шинохта шудааст.
Зимнан, Ҷумҳури Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои ваҳдати миллӣ соли 2024 аз минбари СММ ташаббуси навбатиро дар симои Пешвои миллат доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намуд, ки нишонаи посдории сулҳ ва суботи сартосарӣ аст.
Вақте тамоми талошу заҳматҳо ва дастовардҳои 28-соли ваҳдати миллиро ба таври объективӣ натиҷагирӣ менамоем ба боварии комил метовон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих шарафмандона иҷро намудааст. Ана ҳамин талошу заҳматҳо ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки аввал хатарҳои давлати нав ба истиқлолрасида бартараф гардиду пояҳои устувори рушди бомароми Тоҷикистон бо расидан ба ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Дастоварди меҳварии 28-соли Ваҳдати миллӣ эҳёи таърихи навини тоҷикон, барқарорсозӣ ва ҳифзи давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ки идома додани ин рисолати бузург қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди банангӣ кишвар аст.
Хоҷаева Наргис Балаҷоновна – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ