Парламентаризм ҳамчун як институтҳои вижаи сиёсӣ ва чун арзиши ҳадфмандонаи давлатҳо ҳанӯз дар солҳои дар солҳои 1990-уми асри гузашта ба назария ва амалияи марҳилаҳои аввали бунёди давлатҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ворид гашт.
Ба маънои пурра, ин институт барои низоми ташкилоти давлатдории шӯравӣ бегона буд, ки бисёр хусусиятҳои онро тоқатнофарсо ва нотаҳаммул эълон мекард. Зеро низоми шуравӣ мавҷудияти онро ҳамчун монеъа ба тарғибӣ асолат ва ҳувваяти мардуми меҳнаткаш меҳисобид. Аз ин рӯ, дар ИҶШС ҳама зуҳуроте, ки то Инқилоби Октябр дар соҳаи назария ва амалияи парламентаризм мавҷуд буданд, қабул намегардиданд.
Даврони истиқлол, пайдарпайи роҳи парламентаризмро дар Тоҷикистон тақозо намуда, пояҳои онро дар асоси ташкилу фаъолитяи принсипҳои таҷзияи ҳокимият, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ ва демократия мустаҳкам намуд.
Раванди ташаккули парламентаризм дар Тоҷикистон ва ҷанбаҳои ҷудогонаи он хусусиятҳои хоси худро доранд, ки бо шароити махсуси кишвар вобастагӣ доранд. Ҷойи муҳимро дар таҳаввули парламентаризм, ташаккули тасаввурот ва идеяҳо оид ба он Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ишғол мекунад. Ин санади муҳими давлатӣ принсипҳо ва меъёрҳои умумэътирофшудаи ташкилу фаъолияти ҳокимияти давлатиро, аз ҷумла онҳое, ки ба парлумон ва парламентаризм марбутанд, эътироф ва таҳким бахшид. Масалан, дар банд 3-и ин ҳуҷҷат қайд шуда буд, ки «ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бар асоси принсипи таҷзияи он ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешавад». Муқаррароти мазкур аввалин ишораи меъёрие буд, ки муҳимтарин принсипи парламентаризм — яъне таҷзияи ҳокимият ва эътирофи парлумон ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар радифи ҳокимияти иҷроия ва судӣ расман пазируфта шуд.
Аз ҷониби дигар бо таҳкими ин принсип дар Эъломия заминаи бунёдии ташаккули парламентаризмро ба миён оварда асос барои таҳияи Конститутсияи нави кишвар гардид.
Қадами муҳимми навбатӣ дар марҳалаи ташаккули парламентаризм қабул шудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон (соли 1994) буд. Ин санади тақдирсоз ва сарнавиштсози кишвар принсипҳои давлатдории демократӣ ва ҳуқуқиро таҳким бахшид, ки онҳо пояи устувори ташаккули парламентаризм ва таъсиси ҳокимияти қонунгузор дар кишвар гардиданд.
Мутобқи Конститутсияи 1994 дар баробари принсипҳои эълон доштани ҷумҳурӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ дар ҷомеа, таҳкими плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ, волоияти Конститутсия ва қонунҳо, эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар ва бартарии онҳо бар қонунҳои дохилӣ, ҳамчунин принсипҳои хоси парламентаризм ба монанди, амалӣ шудани қонунҳо танҳо баъд аз интишори расмии онҳо, иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат тавассути намояндагони худ, эътирофи парлумон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва ягона мақоми қонунгузории давлат, мандати вакилӣ ва изҳори иродаи озоди ӯ, дахлнопазирии вакилон мустаҳкам карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки бисёре аз ин принсипҳо натавонистанд фавран баъд аз марҳилаи ибтидои ислоҳоти конститутсионӣ ба таври комил амалӣ шаванд, зеро ҷомеа ва давлат дар ҳолати гузариш аз сохти тоталитарии шӯравӣ ба ҷомеаи демократӣ қарор дошт. Чунин ба назар мерасид, ки ҳанӯз шаклҳои кӯҳнаи тафаккур ва усулҳои кор, анъанаҳо ва рӯҳияи давраи шӯравӣ хеле пурзӯр буданд. Барои рафъи онҳо ва ба тадриҷ иваз кардани онҳо бо арзишҳои нав вақт лозим буд.
Муслам аст, ки ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлат ба шумор меравад. Он на танҳо рамзи ягонагии миллат ва пояи суботи дохилӣ мебошад, балки асоси пешрафти устувори ҷомеа ва давлат аст. Дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ҳамчун як нерӯи бузурги созанда ва омили таҳкими давлатдорӣ нақши калидӣ бозидааст.
Тантанаи ваҳдат, расидан ба сулҳ ва ризояти миллӣ, ба имзо расидани Созшномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 дар баробари дигар масъалаҳо, ҷанбаҳоеро дар бар мегирифтанд, ки барои ташаккули парламентаризм аҳамияти хоса доштанд. Қисми сеюми рӯзномаи музокироти байни-тоҷикон «Масъалаҳои асосии сохтори конститутсионӣ ва таҳкими давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошт. Дар ин бахш масъалаҳои пешниҳоди Конститутсияи нав ва роҳҳои ҷалб намудани ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба раванди ислоҳоти конститутсионӣ, қонуни нави интихобот ва иштироки ҳамаи қишрҳои аҳолии ҷумҳурӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди рушди қонунгузорӣ муқаррар карда шуда буданд.
Яке аз шартҳои асосии ваҳдати миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва эътирофи гуногунандешӣ мебошад. Мақоми қонунгузор бо қабули қонунҳое, ки ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, озодии баён, озодии эътиқод ва иттиҳодияро танзим мекунанд, шароити мусоиди ҳуқуқиро барои рушди низоми ҳуқуқӣ таъмин мекунад. Аз инҷост, ки таъсиси парлумони касбӣ ва доимамалкунанда дар ҳамон замон имкон медод, ки шохаи намояндагии ҳокимият вазифаҳои ба уҳдааш гузошташударо ба пуррагӣ иҷро кунанд.
Боиси зикри хос аст, ки дар таъсиси ва рушди парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғоз аз рӯзҳои аввалини шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон нақши Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хело бориз аст. Пешвои миллат барои таҳкими парламентаризм ва ваҳдати миллӣ сиёсати ватанпарварона ва фарҳангсолориро роҳандозӣ намуда, таваҷҷӯҳи хос ба эҳёи арзишҳои миллӣ, ташкили давлати воқеъан ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки метавонад заминаи воқеъии шинохти арзишҳои демократӣ бошад зоҳир менамоянд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат барои таъмини ҳамзистии осоиштаи миллату халқиятҳои сокини Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварданд. Дар кишвар фазои таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмии динӣ, этникӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёфт. Қонунгузорӣ ва сиёсатҳои давлатӣ баробарии ҳама шаҳрвандонро сарфи назар аз миллат ва эътиқоди динӣ кафолат дода шуданд.
Тағйиру иловаҳои соли 1999 ба Конститутсия ворид гардиданд, ки марҳалаи нави ҳаёти сиёсиву ҳуқуқии кишварро оғоз бахшиданд. Ин тағйирот ба таъсиси парламенти касбӣ ва ду палата шудани Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам оварданд, ки нишонаи равнақи низоми демократӣ мебошад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат қонунҳои зиёде дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими ҳуқуқи шаҳрвандон, фаъолияти ҳизбҳо, интихоботи озоду демократӣ ва васеъ намудани ваколатҳои парлумон қабул гардиданд. Фаъол гардидани кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Маҷлиси намояндагон, инчунин таъсиси зерсохторҳои иттилоотию таҳлилӣ дар назди парлумон нишонаи рушди фарҳанги парламентарӣ мебошад.
Дар марҳалаҳои гуногуни рушди давлатдории миллӣ, ислоҳоти сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ зери роҳбарии Пешвои миллат дар самти таъсиси ислоҳоти конститусионӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани иштироки халқ дар раванди идоракунии давлатӣ ба вуқӯъ пайваст. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки парлумон бояд минбари дифои манфиатҳои мардум бошад ва вакилон масъулияти баланд дошта бошанд.
Таҷрибаи Тоҷикистон собит сохт, ки Конститутсия на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки сарчашмаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа аст. Тағйиру иловаҳои минбаъда ба Конститутсия – бахусус дар солҳои 2003 ва 2016 – ба мукаммал гардидани низоми ҳокимият, идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини ҳуқуқии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат карданд. Дар ин ҷараён, принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамчун яке аз арзишҳои ҷомеаи мутамаддин татбиқ гардида, ба шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имкон дод, ки мустақилона ва дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд.
Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим ва таърихии даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
Дар маҷмуъ, ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм ду рукни ҷудонашавандаи давлатдории муосир мебошанд. Онҳо ҳамчун асоси сулҳу субот, кафили волоияти қонун ва шарти муҳимми пешрафти устувори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар хидмат мекунанд.
Илҳом Камолзода – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ