ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСӢ

Имрӯз, 29 апрели соли 2025 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм бо иштироки устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025 роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мебошад.

Дар вохӯрӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода П.З. ширкат варзида, дар суханронии худ зикр намуд, ки таҳкими фазои ҳуқуқӣ ва рушди фарҳанги зиддиифротгароӣ миёни ҷавонон вазифаи муҳими сохторҳои таълимӣ мебошад. Ӯ нақши устодонро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ватандӯстона дар миёни донишҷӯён калидӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ намояндагони гурӯҳи корӣ, аз ҷумла Мирзамонзода Х.М. ва Саидов Ҳ.М., андешаҳои муфид ва тавсияҳои амалӣ оид ба роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, тундгароӣ ва таҳдидҳои дигари амниятӣ ироа намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки мубориза бо ин хатарҳо бояд на танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, балки бо саҳми фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан донишҷӯён ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ сурат гирад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби ҳозирин бо истиқболи гарм пазируфта шуда, ҳамчун платформаи муҳими табодули афкор ва тақвияти ҳамкориҳо дар самти таъмини амният ва суботи ҷомеа хизмат намуд. Баргузории чунин вохӯриҳо дар раванди ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва муқовимати муассир бо терроризму экстремизм аҳамияти бузург доранд.