Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол рӯзи 5 – уми октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.
Дар пайванди ба ин масъала, зимни ироаи паёми табрикотии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бамаврид таъкид намуданд, ки ҳоло барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва тамоми асноди қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ таҳия мегарданд ва рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсиву таълимӣ, оммавию бадеӣ ба забони давлатӣ ба нашр мерасанд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Рӯзи забони давлатӣ дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои кишвари азизамон қарор дорад. Мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. Барои амалишавии ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда, ҷиҳати татбиқи он ва назорати иҷрои муқаррароти қонун дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдорро таъсис дода шуд, ки вазифаи он ҳамчунин тарғибу ташвиқи забони давлатӣ ва рушди минбаъдаи он мебошад. Дар ин давра қабул гардидани Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи босуботи забони миллиамон заминаи хуб фароҳам оварда, дар таҳкими пояҳои асосии рушди забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимми пойдории миллат ва давлатдории миллӣ, инчунин устувор намудани меъёрҳои таърихиву адабии он мусоидат намуд. Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад. Арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он шароит фароҳам месозад, ки балоғат ва фасоҳати забон густариш ёбад, сохтори он такмил гардад ва қонунмандии рушди забони давлатӣ тақвият ёфта, инкишофи бонизоми он таъмин карда шавад. Мо бояд минбаъд низ ба масъалаи рушди меъёрҳои забони давлатиамон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем ва ба ин хотир мутахассисони забоншиносу суханшиносро зарур аст, ки ҷиҳати такмил додани қоидаҳои забони тоҷикӣ, риояи асолати меъёрии он тадбирҳои судманд андешанд ва дар тарғибу ташвиқи ин забони хушоҳанг ҳиссаи ватандӯстона гузоранд.
Дар робита ба ин санаи фархунда, садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кулли устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳро самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломативу сарабаландӣ, рузгори ободу хушбахтиро орзу менамояд.