КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТИИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ

Комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросим дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон (минбаъд Комиссияи ҷамъиятӣ) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024, № 2048, барои ҳамоҳангсозии корҳо доир ба танзими ҷашну маросим, мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқии давлати демократии Тоҷикистон, бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ таъсис дода шудааст. Комиссияи ҷамъиятӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Комиссияи ҷамъиятӣ бо фармоиши роҳбари ташкилот дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссия таъсис дода мешавад. Ҳайат ва низомномаи комиссияи ҷамъиятӣ аз тарафи декани факултет тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ омузгорони обрӯманд ва таҷрибадори факултет ворид карда мешаванд. Раиси комиссияи ҷамъиятӣ декани факултет мебошад. Ҷаласаҳои комиссияи ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар 6 моҳ гузаронида мешаванд.

Вазифаҳои асосии комиссияи ҷамъиятӣ назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби омӯзгорон ва кормандони факултет ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт мебошад. Комиссияи ҷамъиятӣ барои иҷрои вазифаҳои асосии худ ваколатҳои зеринро доро мебошад: назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби омӯзгорон ва кормандони факултет; таҳияи тавсия ва дастурҳо барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим; фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни коллективи меҳнатӣ оид ба танзими ҷашну маросим; расонидани ёрии амалӣ ба омӯзгорону кормандони факултет дар танзими ҷашну маросим; таблиғи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар коллективи меҳнатӣ; таъмини ҳамоҳангии фаъолияти коллективи меҳнатӣ вобаста ба масъалаҳои танзими ҷашну маросим; талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим аз коллективи меҳнатӣ; таҳияи гузоришҳо оид ба анҷом додани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.