ИХТИСОСИ 1-24010220 – ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ

Барномаи асосии таълимии тайёркунии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти магистрии касбии ҶТ амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи барнома омода намудани мутахассисони илму амалияи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар самти таъмини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунии давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, додани хулосаи экспертӣ оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани экпертизаи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти ҳуқуқии корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ихтисоси “Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ” бо дарназардошти ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди миллии Тоҷикистон, бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҳуқуқшиносӣ ҷовобгӯйи бозори меҳнат, баланд бардоштани маҳорати касбии субъектони ҳуқуқэҷодкунанда (вакилони парламент, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, ҷамоати шаҳраку деҳот, ҳуқуқшиносони муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳо, ширкатҳои хусусӣ), таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо риояи қоидаҳои забонӣ, услубӣ, мантиқӣ ва дигари техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ таъсис дода мешавад.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 афзалиятҳои рушди миллӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, нобаробарӣ, мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, идоракунии самаранок, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии низои эҳтимолӣ, амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ эълон мешаванд. Ноил гардидан ба афзалиятҳои зикршуда таббиист, ки дар заминаи фаъолияти васеи ҳуқуқэҷодкунӣ имконпазир мегардад. Тавре дар Стратегияи рушди миллӣ таъкид мешавад: “Тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасӣ ба ғизои хушсифат, беҳсозии обтаъминкунӣ, ҳолати санитарӣ ва таркиби ғизохӯрӣ, коҳишдиҳии сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ дар тамоми шаклҳои он, аз ҷумла масоили устувории экологӣ ҳамчун самтҳои муҳими фаъолияти ниҳодҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ хоҳанд шуд”. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастрасӣ ба ғизои хушсифат, амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ, экологӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, биологӣ ва санитарию эпидемиявӣ, идоракунии давлатӣ, танзими равандҳои демографӣ қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ талаб мекунад.

Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ҳадафҳо ва афзалиятҳои зерини сиёсати ҳуқуқэҷодкунии давлати Тоҷикистон муайян карда мешаванд: таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи қонунгузории конститутсионӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, молиявӣ, бонкӣ, гумрук, андоз, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ, истеҳсолоти иҷро ва ғайра; таъмини самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва устувории он; пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, номутобиқатӣ, нуқсонҳо, такроршавӣ дар қонунҳо; хориҷ кардани меъёрҳои ҳуқуқии моҳияташонро гумкардаю камсамар; мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон; такмили қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ; мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла кодификатсияи қонунгузорӣ дар шароити аз ҳад зиёд шудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ; бартараф намудани номутобиқатӣ ва кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд; такмил ва татбиқи якхелаи забон ва истилоҳоти ҳуқуқӣ; истифоди дурусти истилоҳоти ҳуқуқии тоҷикӣ; такмили сифати забони қонун; таҳияи фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон.

Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба роҳ монда мешавад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» доираи зерини субъектони ҳуқуқэҷодкунанда муайян карда мешавад: халқи Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

Илова бар ин, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар шароити рушди соҳибкорӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ дар фаъолияти ширкатҳои хусусӣ ва субъектони дигари фаъолияти хоҷагидории хусусӣ фаъолона ба роҳ монда мешавад. Айни ҳол шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар дохили ташкилотҳои корпоративӣ, аз ҷумла ширкатҳои хусусӣ қабул шуда, ин санадҳо дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 самтҳои зерини фаъолият дар соҳаи рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ эълон мешаванд: такмилдиҳии қонунгузорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, савдои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарии маҳсулот; такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба рушди соҳибкории экологӣ ва афзоиши ҷолибияти сармоягузориҳои экологӣ; такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ.

Ҳоло фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо дарназардошти рушди мустақилияти идоракунӣ дар дохили муассисаҳои давлатӣ (муассисаҳои таҳсилотӣ, фарҳангӣ ва дигар), корхонахо, ташкилотҳо ба таври васеъ ба роҳ монда мешавад. Аз тарафи мақомоти идоракунии муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (оиннома, низомнома, фармоиши роҳбари муассиса ва дигар), ки дар танзими муносибатҳои ҷамъиятии дохилиидоравӣ нақши муҳим доранд, қабул мешаванд.

Ҳуқуқэҷодкунии халқ яке аз шаклҳои муҳимми ҳуқуқэҷодкунӣ ва далели рушди ҳаёти демократӣ буда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зимни қабул, тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандон ба мухокимаи қонунҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолона ба роҳ монда мешавад.

Айни ҳол дар Тоҷикистон шаклҳои зерини иштироки шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ инкишоф меёбанд: ҳуқуқэҷодкунии локалӣ (зимни бастани шартномаҳои коллективӣ ва ғайра); ҳуқуқэҷодкунии мақомоти худидоракунӣ (дар мақомоти худидоракунӣ); ҳуқуқэҷодкунии шартномавӣ (зимни бастани шартномаи оммавӣ, муқарар намудани шартҳои намунавии шартнома ва ғайра); ҳуқуқэҷодкунии корпоративӣ (дар ташкилотҳои ширкатҳои хусусӣ).

Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ, гумрук, андоз ва дигар) ба таври васеъ ба роҳ монда мешавад. Ҳуқуқэҷодкунии судӣ яке аз самтҳои инкишофи ҳуқуқэҷодкунӣ маҳсуб мешавад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (фармоишҳои Прокурори генералӣ, Вазири корҳои дохилӣ ва мақомоти дигар) мубориза бо ҷинояткорӣ, коррупсия, таъмини амняти миллӣ, дар соҳаи андоз, фаъолияти гумрукӣ, ва ғайра барои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.

Тибқи м. 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар заминаи принсипи касбият ба роҳ монда мешавад. Риояи принсипи касбият барои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии баландсифат аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, бо роҳи такмили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти касбии ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои ҳуқуқшиноси баландихтисос, ташаккули маҳорати касбии ҳуқуқшиносн таъмин мешавад.

Фаъолияти касбии хатмкунандагон бо иҷроиши чунин корҳо алоқаманд аст: кор дар мақомоти қонунгузорӣ, иҷрояи ва дигар мақомоти давлатӣ; фаъолияти машваратӣ ва экспертӣ дар ҷодаи татбиқ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; фаъолияти омӯзгорӣ ва таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ.

Декани факултети ҳуқуқшиносӣ, д.и.ҳ., дотсент Мирзозода П.З.

Мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, д.и.ҳ., профессор Азиззода У.А.