Имрӯз дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва доираҳои илмӣ маросими тантанавии тақдими ҷоизаҳо ба олимони ҷавон баргузор гардид.
Бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон №27 аз 30 марти соли 2026, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдуллозода Баходур Валӣ барои силсилаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ифлос кардани об: масоили назариявӣ, қонунгузорӣ ва амалӣ» бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли 2025 дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ сарфароз гардонида шуд.
Ин дастоварди арзанда натиҷаи заҳмати пайваста ва фаъолияти самараноки илмӣ буда, саҳми ҷавононро дар рушди илми ватанӣ ва такмили низоми ҳуқуқӣ боз ҳам равшан месозад.
Мавриди зикр аст, ки чунин комёбиҳо нуфузи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро таҳким бахшида, нақши онро дар тарбияи мутахассисони баландихтисос боз ҳам густариш медиҳанд.
Устоди азиз – Абдуллозода Баходур Валиро бо ин дастоварди шоиста самимона табрик гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотӣ барору комёбиҳои нав орзумандем!


