ДУШАНБЕ – РАМЗИ ШАҲРСОЗӢ ВА ШАҲРНИШИНИИ ТОҶИКОН

Имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун маркази тоҷикони ҷаҳон ва Тоҷикистон муаррифгари фарҳангу тамаддуни куҳани аҷдодӣ маҳсуб меёбад. Маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ Душанбе пурра симои хешро дигар намуда, ба яке аз марказҳои бузурги баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ табдил ёфтааст. Мақоми шаҳри Душанберо ҳамчун пойтахт моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. Дар ин радиф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, хусусиятҳои идоракунӣ ва асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муайян мекунад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.
Дар айни замон шаҳри Душанбе муттаҳидгари тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон мебошад. Аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат қишрҳои мухталифи аҳолӣ дар пойтахт кору фаъолият намуда, бо шукургузорӣ аз сулҳу суботи пойдор талош меварзанд. Шаҳри Душанбе дустӣ ва ваҳдати тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро таҳким бахшида, ба шаҳри сулҳ мубаддал гардид. Сиёсати бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар муддати кӯтоҳ ҷанги таҳмилӣ хомӯш гардида, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар пойтахт пойдор шавад. Дар кӯтоҳтарин муддат Душанбе ба шаҳри сулҳу субот мубаддал гардид. Ҳамин буд, ки бо қарори ЮНЕСКО моҳи августи соли 2004 барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳамарӯза Душанбе дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ба Ҷоизаи дараҷаи якуми «Шаҳри сулҳ» барои солҳои 2002-2003 сазовор гардид. Ҳамчунин, суботи сиёсӣ ва сулҳи пойдори пойтахти кишварро ба эътибор гирифта, соли 2012 Душанбе ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО сазовор гардид ва дар қатори беҳтарин шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон ворид шуд.
Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳри баргузидаи ҷаҳон, ба монанди Рим, Афина, Ашқобод, Боку ва Бишкек дар озмуни ҷаҳонӣ ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» сазовор дониста шуд.
Бо шарофати сиёсати сулҳпарварона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе сулҳу субот пойдор буда, яке аз шаҳрҳои амнтарин дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Душанбе ба ҳама шаҳру навоҳӣ тавассути роҳҳои замонавӣ пайваст карда шуд. Ҳамакнун, барои мардуми Суғду Хатлон ва Бадахшону Рашт рафтуо ба ба маркази давлат ҳеҷ мушкилоте надорад.
Душанбе ҳамчун маркази тоҷикони ҷаҳон ва Тоҷикистон муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёд маҳсуб меёбад. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Душанбе пурра симои хешро дигар намуда, ба яке аз марказҳои бузурги баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ табдил ёфт.
Душанбе рамзи тамаддуни тоҷикон ба шумор рафта, дар он калонтарин биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва фарҳангӣ бо истифода аз санъати меъмории ниёгон сохта ба истифода дода шудистодаанд. Бинои Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Маҷлиси Олӣ, Маҷмааи Истиқлол, Парчами давлатӣ (бо баландии 165 метр) ва монанди ин инъикосгари санъати меъморӣ ва ҳунари волои тоҷикон маҳсуб меёбанд.
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ба марҳалаи рушду пешравӣ ба таври бесобиқа қарор гирифтааст. Танҳо дар давоми солҳои 2019–2025 дар шаҳри Душанбе беш аз 4000 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла Маҷмааи «Истиқлол», Маҷлиси Олӣ, бинои Ҳукумати Тоҷикистон, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Макони аз ҳама ҷолиби шаҳр ҷойи боз ҳам таъсирбахштар ин майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» аст. Иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Майдони нав, ки дар масоҳати 30 гектар ҷойгир аст, макони баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангист. Дар маркази Маҷмаа бинои бошукӯҳи 121-метра – рамзи истиқлоли Тоҷикистон қомат афрохта, давлатдорӣ, соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро инъикос менамояд. Дар ошёнаи аввали бино намоиши намунаи ҳунарҳои мардумии минтақаҳои кишвар ҳувайдо мегардад. Дар ошёни дувум Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе таъсис ёфта, дар он нигораҳои аз ҳудуди шаҳр ҳафриётшуда, ҷамъоварӣ гардидаанд. Майдони тамошои Маҷмаа, ки дар ошёнаи 14-уми бино, дар баландии 94 метр ҷойгир аст, яке аз ҷойҳои ҷолибу сертаваҷҷуҳ маҳсуб меёбад.
Дар як марҳалаи бисёр кӯтоҳ, дар баробари бо гулу дарахтони зебо ороиш додани кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт, даҳҳо боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бо шароити муосир ва тарҳи замонавӣ мавриди истифодабарии сокинон қарор гирифтааст. Имрӯз боғҳои фарҳангӣ – фароғатии «Ҷавонон», «Кӯли ҷавонон», «Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ», «Куруши Кабир», «Аҳмади Дониш», «Садриддин Айнӣ», «Умари Хайём» ва боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе саропо зебову гулрез ва гулбадомон гардида, макони сайёҳӣ ва фароғативу фарҳангии ҳамарӯзаи сокинони мамлакат гардидааст. Боғи «Ғалаба», беҳтарин саҳни мушоҳида дар Душанбе аст, ки дар қисми кӯҳии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Аз он ҷо метавон аз манзараҳои ҳайратангези шаҳр лаззат бурд. Омадан ба ин боғро ҳам сайёҳон ва ҳам сокинон дӯст медоранд.
Душанбе имрӯз тарҳи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳонро ба худ мегирад, ки воқеан ҳамчун падидаҳои бузурги фарҳанги шаҳрдории мо машҳури дунё мегардад. Акнун пойтахти кишвар ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, аз шаҳрҳои замонавӣ ва пешрафтаи ҷаҳон ва макони дилфиреби сокинони мамлакат гардидааст.
Дар даврони Истиқлол бо бунёд гардидани маҷмааву кохҳои меъмориву фарҳангӣ, хиёбонҳову кӯчаҳои васеи мумфарш, иморатҳои маъмуриву иқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маърифативу илмӣ ва адабӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои бошукӯҳи ҷаҳон табдил ёфт. Дар Душанбе фаъолияти мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мутобиқи барномаҳои миллии таълимӣ вусъат ёфт. Муассисаҳои нави таълимӣ – литсейҳо, гимназияҳо ва коллеҷҳо бунёд шуданд.
Як воситаи муҳимми муаррифии пойтахтамон ба ҷаҳониён, ин гузаронидани симпозиуму конференсияҳо ва чорабиниҳои дигари байналмилалӣ дар он мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои шахсии Пешвои муаззами миллат арҷгузорӣ ба шахсияти олимон ба сатҳи олӣ бардошта шуда, бо ин мақсад бузургдошти шахсиятҳои бонуфуз – Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуҳанифа Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар бо баргузории симпозиуму конференсияҳои илмии байналмилалӣ сурат гирифт, ки дар онҳо садҳо меҳмонони хориҷӣ аз пойтахти азизи кишварамон – шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Шаҳри Душанбе дар як марҳилаи кӯтоҳ куллан симои худро тағйир дода, бо бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноативу истеҳсолӣ, маҷмааҳои фарҳангиву маишӣ, қасру толорҳои бошукӯҳ, мактабу донишсароҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ, майдончаҳои муосири варзишӣ, биноҳои хуштарҳу назаррабои истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳои фараҳафзо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва зиндагии шоистаи сокинонаш ба қатори бузургшаҳрҳои дар ҳоли зуд рушдёбанда ҳаракат дораду маркази кашфи истеъдодҳо, даргоҳи умеду орзуҳои ҷавонии ҷавонон ва пойтахти ташаккулёбии олимон, паҳлавонону қаҳрамонони ҷавон аст.
Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби ҳаёти солим дар пойтахти кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ роҳандозӣ шудааст. Дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли охир мусобиқаҳои зиёди сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Бори аввал дар таърихи кишварамон моҳи майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи байналмилалии «Гранд-Слам Душанбе-2024» бо иштироки 446 нафар варзишгар аз 65 давлати ҷаҳон доир гардид, ки эътибори варзиши кишварро дар сатҳи байналмилалӣ дучанд гардонид. Бори дувум санаи 2-4-уми майи соли 2025 мусобиқаи мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки 121 варзишгар аз 16 кишвар, аз ҷумла 77 мард ва 44 зан, барои дарёфти медал ва холҳои олимпӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд. Имсол низ 1-3-юми май мусобиқаи мазкур баргузор мегардад.
Танҳо дар ҳашт соли охир зери таваҷҷуҳ ва мусоидати бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 347 иншоотҳои соҳаи варзиш мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ҳашт соли охир дар пойтахти мамлакат бузургтарин иншоотҳои варзишӣ, аз қабили Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе, клубҳои байналмилалии Ювентус ва Крокус-фитнес мутобиқ ба талаботҳои ҷаҳонӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва рушди минбаъдаи соҳа заминаи мусоидро фароҳам овард. Бо фароҳам гардидани инфрасохтори соҳаи варзиш дар кишвар танҳо дар ҳашт соли охир дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе зиёда аз 400 чемпионат ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ доир гардид, ки варзишгарони муваффақи мо дар чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, шарафи варзишии кишварро муаррифӣ намудаанд.
Хулоса ин ҳама шукуҳмандӣ ва шуҳратёр гардидани пойтахти меҳан аз Истиқлоли давлатӣ сарчашма гирифта, бо талоши мардуми шарафманди тоҷик дар солҳои наздик комёбиҳо боз ҳам зиёд мешавад. Миллати тоҷик дар тӯли таърих борҳо бо донишу тадбирандешии худ ба ҷаҳониён исбот намудааст, ки халқи тамаддуновар ва давлатсозу меҳансолор мебошад. Моро зарур аст, ки ҷиҳати шукуфоӣ ва рушди босубобти Ватани азизамон боз ҳам талошу заҳмат кашида, ба қадри суботу оромӣ ва амнияти ҷомеа бирасем.

Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед – н.и.ҳ.,
дотсент, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ