Санаи 26.08.2015 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили ҳокимияти судӣ» бо иштироки доираи васеи кормандони мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, олимони ҳуқуқшинос, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Д.Ҳ. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории конференсия гузориш доданд. Мавсуф иброз дошт, ки истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарину пурарзиш ва нодири давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар пайванди ба ин масъала таъкид сохт, ки дар замони соҳибихтиёрии давлатӣ низом ва ҳокимияти судӣ такмил ёфта, заминаҳои боэътимоди ташкиливу ҳуқуқии фаъолияти ҳокимияти судӣ фароҳам оварда шуданд. Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи конференсия маърӯзаҳо шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, тадқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар кори ин ҳамоиши илмӣ ректори донишгоҳ академики АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомов М.С., декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Насурдинов Э.С. ва устоди ҷавон Ҷаҳонгир Саъдизода намояндагӣ карданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкиму густариши ҳокимияти судӣ баён намуданд.