Тасдиқи рисолаи доктории Насурдинов Э.С.!

         Cадорат ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон декани факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Насурдинов Эмом Сайфудиновичро ба ифтихори тасдиқ шудани рисолаи докториаш аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (фармони №717/нк аз 01.07.2015с.) самимона табрик намуда, ба эшон саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву корҳои илмӣ – тадқиқотиаш комёбиҳои беназирро ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз хоҳонанд.

      Ёдовар мешавем, ки номбурда 19 сентябри соли 2014 дар Шӯрои муштараки диссертатсионии 737.004.08 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон рисолаи докториашро дар мавзӯи «Формирование правовой культуры в Республики Таджикистан в условиях углубления культурно-цивилизационных различий: проблемы теории и практики» аз рӯи ихтисоси «12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат» ҳимоя намуда буд.

Декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ

Насурдинов Эмом Сайфудинович