Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инкишофи қонунгузории Ҷумурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ»

     Нимаи аввали рӯзи 04.09.2015 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ» бахшида ба 24-умин солгарди таҷлили рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки доираи васеъи омӯзгорон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ доктори илмҳои ҳуқуқ Насурдинов Э.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории конференсия гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки нақши истиқлолияти давлатӣ дар густариши сулҳу суббот ва оромии ҷомеа, пешбурди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии мардуми кишвар, ҳамзамон дар ташаккули низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Ҳамчунин дар кори конференсия Сардори  Раёсати  илм ва навоварии техникӣ, номзади имлҳои ҳуқуқ, дотсент Саидов Ш.Н. иштирок ва бо паёми табрикӣ баромад намуд. Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи конференсия маърӯзаҳои устодони факултет Диноршоев А.М. – номзади имлҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами соҳибихтиёрии давлатӣ дар ҷаҳони муосир» ва Мирзоев П.З. – номзади имлҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар мавзӯи «Нақши истиқлолияти давлатӣ дар рушди қонунгузории соҳибкорӣ» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар музокира устодони факултет Сангинов Д.Ш., Маҳмудов И.Т., Ѓафуров А.Д., Шарипов Т.Ш., Сафаров Б.А., Фозилов Н.Н., Бозоров Р., Раҷабов М.Н. ва дигарон баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин дастоварди халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бояд аз ҷониби тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун гавҳараки чашм эъмин нигоҳ дошта шавад.