Ташрифи олими варзидаи рус, профессор Авакян Сурен Адибекович ба факултети ҳуқуқшиносии ДМТ / 15.09.2015 с. /

   Нимаи дуюми рӯз дар факултети ҳуқукшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар маркази таълимии масъалаҳои мубориза бо хариду фурӯши инсон вохӯрии олими варзидаи рус доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва мунитсипалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов Авакян Сурен Адибекович бо доираи васеи устодон, аспирантон ва муҳаққиқони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ доир гардид. Ҳамзамон дар вохурӣ намояндагони Раёсати ДМТ, садорат ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории факултет ҳузур доштанд.

      Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Диноршоев Азиз Мусоевич ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмони гиромиқадрро хайра мақдам гуфт. Номбурда оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва омӯзгории профессор  Авакян С.А. иттилоъ дод. Аз ҷумла таъкид намуд, ки профессор Авакян С.А. аз ҷумлаи он олимони варзидаи  рус аст, ки на танҳо дар миқёси Федератсияи Россия, балки берун аз он  дар сатҳи байналмиллалӣ обрӯву нуфуз ва шӯҳрату  эътибори хоссаеро соҳиб аст. Мавсуф иброз доштанд, ки таҳти назари ӯ чанд тан аз олимони тоҷик рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ қайд намуданд, ки рӯзи 08.10.2015 дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов рисолаи доктории худро  зери роҳбарии профессор Авакян С.А. ҳимоя хоҳам кард. Сипас  суханро ба меҳмон вогузор намуд.

    Зимни мулоқот профессор Авакян С. А. доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои проблемаҳои илми ҳуқуқи конститутсионӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ дар маҷмӯъ бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ маърӯза карда мазмуну моҳияти онҳоро шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамзамон андешаву назари хешро дар иртибот ба низоми таълимии дузинагӣ (бакалавр, магистр) баён сохта, афзуданд, ки ҳамеша омодаанд бо марказҳои бонуфузи илмӣ-таълимии Тоҷикистон, хосатан факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои муфид ва мутақобилан судманди дуҷонибаро ба роҳ монанд. Дар робита ба ин масъала оид ба азму талош ва кӯшишҳои як зумра олимони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ (Диноршоев А.М., Гадоев Б.С., Сафаров Д.С., Салоҳиддинова С. ва ғ.)  дар мавриди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов изҳори хушӣ намуд. Омодагии худро минбаъд низ дар самти дастгирӣ намудани олимони тоҷик баён сохт.

     Зимнан миёни иштирокчиён ва профессор Авакян С.А. табодули афкори тарафайн сурат гирифт. Ҳозирин ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

     Ҳамчун рамзи қадршиносӣ дар интиҳои вохурӣ аз ҷониби намояндагони садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ба олими шинохта Авакян С.А.  либоси миллии тоҷикӣ-маҳсули меҳнати ҳунармандони чиррадаст ва дигар ашёҳое, ки  фарҳанги миллии тоҷиконро таҷассум мекунанд,  ҳамчун тӯҳфа тақдим карда шуд.