Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар кишвар эълон гашт. Имрӯзҳо дар саросари кишварамон ба таҷлили ин рӯзи фараҳбахш як қатор чорабиниҳо, вохӯриву ҷамъомадҳо баргузор мегарданд. Дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ низ бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон бо намояндагони Раёсати донишгоҳ, аз он ҷумла бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Х.М.Ѓафуров ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ И.Н. Маҳмадиев бо донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ вохӯрии судманд баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ пешниҳод намудани имкониятҳои таҳсилоти донишҷӯёни факултет дар хориҷи кишвар мебошад. Дар мулоқот ба донишҷӯён оид ба шарт ва шароити таҳсил кардан дар хориҷи кишвар, роҷеъ ба ҳамкории ДМТ бо донишгоҳҳои давлатҳои Олмон, Булғористон, Маҷористон, Лаҳистон, Дания, Руминия, Хитой, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва ғайра ба тафсил ироа карда шуд. Қайд карда шуд, ки ягона шарти таҳсилот дар хориҷи кишвар донистани забони хориҷӣ мебошад.
Дар интиҳои мулоқот мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дотсент З.А. Назарова донишҷӯёнро водор сохт, ки аз ҳар гуна кирдорҳои номатлуб худдорӣ намуда, баҳри баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстӣ ва худшиносии миллӣ талош варзида, вақти пурқиммати хешро баҳри донишандӯзӣ, аз он ҷумла барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ сарф намоянд. Зеро забони хориҷӣ калиди қулфҳои бастаи ояндаи дурахшони ҳар шахс мебошад.