Мизи мудаввар бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

     Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пайваста чорабиниҳои гуногуни илмӣ баргузор мегарданд.

      Таърихи 25-уми июни соли 2018 бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ мизи мудаввари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар шароити вусъати равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамгироӣ ва васеъ гардидани фазои илмӣ-фарҳангӣ ва иттилоотӣ-ҳуқуқӣ» бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронида шуд. Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. оғоз гардид. Мавсуф ҳузури мубораки ҳамаи иштирокчиёнро ба кори мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ хайрамақдам гуфта, ба Раёсати ДМТ ва кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ барои мусоидат, дастгирӣ ва ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатҳи баланд изҳори сипос намуд. Инчунин, эшон ҳамаи иштирокчиёни чорабинии илмиро ба муносибати 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки расидан ба қадри ваҳдату якдилӣ ва оромиву осудагӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ вазифаи ҳар фарди кишвар буда, аз мо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносиро талаб менамояд.

   Сипас мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сотиволдиев Р.Ш. доир ба инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ маърӯза намуда, иброз намуд, ки илми ҳуқуқшиносӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.

  Баъдан кори мизи мудаввар дар асоси барномаи омодагардида идома ёфта, ҳамаи маърӯзачиён имконият пайдо намуданд, ки дар доираи мавзӯи омоданамудаи худ баромад намоянд ва фикру андеша, инчунин пешниҳодҳои судмандашонро иброз доранд.

     Дар умум мизи мудаввар муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҳуқуқии кишварро фаро гирифта, баҳри инкишофи минбаъдаи илми ҳуқуқшиносӣ мусоидат хоҳад намуд. Зимни музокираҳо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори мизи мудаввар барои такмили низоми ҳуқуқии кишвар аз ҳар ҷиҳат муфид ва самарабахш хоҳад буд. Пас аз анҷоми кори мизи мудаввар қарор карда шуд, ки таклифу тавсияҳо ва пешниҳодҳои илман асосноку судманд ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунанда ба сохторҳои дахлдор ирсол карда шавад.