Фаъолияти Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) – доктор аз руйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100-Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200-Ҳуқуқи байналмилалӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ беш аз пеш тақвият ёфта истодааст. Ҳамзамон Шӯрои мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм доир ба ихтисосҳои 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ; 12.00.02 – Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунисипалӣ; 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ корҳои назаррасеро анҷом дода истодааст.
Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун даргоҳи бузурги илму маърифат дар омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаву ватандӯст саҳми боризро иҷро менамояд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки солҳои охир устодони факултети ҳуқуқшиносӣ бо дарки масъулияти баланди касбӣ рисолаҳои илмии худро сарбаландона ҳимоя намуда, хазинаи факултетро аз ҳисоби устодони унвондор бештар менамоянд. Аз ҷумла, санаи 21-уми феврали соли 2020 декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек рисолаи докториашро дар мавзӯи «ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВЇ ВА ТАҚВИЯТЁБИИ ТАФОВУТҲОИ ФАРҲАНГЇ–ТАМАДДУНЇ: МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРЇ, УСУЛЇ ВА АМАЛЇ-ҲУҚУҚЇ» (аз рӯи ихтисоси 12.00.01. – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ), санаи 21-уми январи соли 2020 мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сангинов Дониёр Шомаҳмадович рисолаи докториашро дар мавзӯи «ПРОБЛЕМАҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРЇ ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОИЮ ФАРҲАНГЇ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ва санаи 31-уми январи соли 2020 муаллими калони кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ Қудбудинов Фазлиддин Шарифович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «МАСЪАЛАҲОИ ШАРТНОМАИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БОР ТАВАССУТИ НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (аз рӯи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ) дар Шӯрои диссертатсионии зикргардида сарбаландона дифоъ намуданд.
Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ, устодону кормандон ва донишҷӯёни ин даргоҳи муқаддас Раҳмон Д.С., Сангинов Д.Ш. ва Қудбудинов Ф.Ш. – ро бо ин дастовардашон самимона табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу хушрӯзӣ, саодатмандию пирӯзӣ, бурдбориҳои беназирро дар ҷодаи илм ва ба хотири пешрафти Ватани азизамон таманно доранд.
Бигзор кабутари иқболашон дар фазои илмӣ ҳамеша баландпарвоз бошанд.