Ташвиқоти пешазинтихобӣ

Яке аз падидаҳое, ки шаҳрвандон тавассути он иродаи худро амалӣ месозанд, интихобот аст.   Иштирок дар интихобот ва ҳуқуқҳои интихоботии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои конститутсионӣ ««Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоркунии шаҳрак ва деҳот» ва санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешбинӣ гардидаанд. Инчунин аз ҷониби Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, қабул гарданд, ки дар айни ҳол, баъзе аз масъалаҳои ташвиқоти пешазинтихоботиро пешбинӣ менамояд. Дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки ифодаи олии иродаи халқ интихобот ва раъйпурсӣ мебошад. Яъне кафили асосии иштроки шаҳрвандон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ Конститутсия ба ҳисоб рафта, бо мавҷудияти қонунҳои дигар дар ин самт ин ҳуқуқи конститутсионӣ таҳким меёбад.

Баргузор намудани интихобот аз чанд давра иборат аст ва яке аз марҳилаҳои муҳим дар баргузор намудани интихобот марҳилаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба ҳисоб рафта, бо қонунгузории интихоботӣ кафолат дода шудааст. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ усули демократӣ, шаффоф, озод ва дар асоси баробарӣ гузаронидани интихобот маҳсуб меёбад. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ воситаи асосии муаррифии номзадҳо ба вакилӣ мебошад. Яъне бо тарзи ошкоро, шифоҳӣ ва чопӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи интихобкунандагонро оид ба шахси интихобшаванда фаро мегирад.

ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚЇ

Асоси ҳуқуқии баргузор намудани ташвиқоти пешазинтихоботиро Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ташкил медиҳад. Тибқи моддаи 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар вақти гузаронидани интихобот шароити бемамониат ташвиқот бурданро фароҳам оварад. Яъне давлат кафолати гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии баробарро ҳам барои шаҳрвандон, ҳам барои номзадҳо ва ҳам барои ҳизбҳои сиёсӣ муҳайё месозад.

Аз таҳлили моддаи 39 Қонуни конститутсионии мазкур бар меояд, ки ташвиқоти пешазинтихоботӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Номзадҳо, шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд барномаҳои пешазинтихоботиро пешниҳод намоянд ва ташвиқоти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон, номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад. Албатта, ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ё номзаде, ки ба қайд гирифта шудааст, барномаи пешазинтихоботии худро доро мебошад, ки тавассути ташвиқоти он метавонад боварии мардумро ба даст оварда, дар раванди овоз додан таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб созад. Дар барномаҳои пешазинтихоботӣ асосан ҳадафу мақсадҳои номзадҳо пешбинӣ мегардад, ки баъди ба даст овардани курсиҳо дар парламент метавонанд онҳоро амалӣ созанд.
  2. Сифатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзадҳо ҳамчун ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба интихобкунанадагон пешкаш карда мешавад. Ташвиқотчиён метавонад ин хусусиятҳои номзадҳоро ба интихобкунандагон дар давраи ташвиқоти пешазинтихоботӣ мусбат ё манфӣ пешниҳод намоянд.
  3. Барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун асоси ширкати онҳо дар интихобот ба шумор рафта, аз ин нигоҳ бо роҳи ташвиқот ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд интихобкунандагонро ба тарафдории худ ҷалб созанд. Тавре ки қайд намудем, ҳизбҳои сиёсие, ки фаъолияти қонунӣ доранд ва аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барномаҳои пешазинтихоботии худро дорад. Дар давраи ташвиқот онҳо марому мақсадҳои худро дар барномаҳои пешазинтихоботӣ инъикос намуда, дастраси шаҳрвандон мегардонанд ва ба ин восита шаҳрвандон аз барономаҳо, ҳадафу мақсадҳои ҳизбҳои сиёсӣ огоҳӣ пайдо намуда, ҳангоми овоз додан ба ҷонибдории номзадҳои ҳизби сиёсие, ки манфиатҳои шаҳрвандонро қонеъ намуда метовонанд, овоз медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад (рӯйхати номзадҳо) оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад. Дар рӯзи овоздиҳӣ ташвиқот бурдан манъ мебошад.

ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТЇ ЧЇ ТАВР СУРАТ МЕГИРАД?

Лозим ба ёдоварист, ки моддаи 39 қонуни конститутсионии зикршуда, муқаррар намудааст, ки ташвиқоти пешазинтихоботӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

1) ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма. Ташвиқот ба воситаи ВАО яке аз роҳҳои асосии рақобати ошкорои пешазинтихоботии номзадҳо мебошад, ки фаъолияти шаҳрвандонро равнақу ривоҷ медиҳад, онҳоро водор месозад, ки ба ҳаёти сиёсӣ майлу рағбат зоҳир намоянд. Ҳамзамон тамоми шаҳрвандон имконият пайдо менамоянд, ки аз барномаҳои пешазинтихоботӣ ва шахсияти номзадҳо бохабар гарданд.

Ба номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ барои истифодаи воситаҳои ахбори омма шароитҳои баробар кафолат дода мешавад. Аз ҷумла, ҳар як номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандата барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ то 20 дақиқа, ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа ба вақти эфири ройгон ҳуқуқ дорад.

2) гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон, ташкили баҳсу мунозираҳо) роҳи дигари ташвиқот мебошад. Ба воситаи маҷлисҳо ташвиқбарандагон ба тарафдорӣ ё зидди ин ё он номзад муҳокимарониҳои ошкоро менамоянд. Дигар шакли маъракаҳои оммавӣ вохуриҳо бо шаҳрвандон ва ташкили баҳсу мунозираҳо аст, ки барои гузаронидани ин вохӯриҳо Комиссияи интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, биноҳо ҷудо менамоянд, аз вақту маҳалли вохӯриҳо пешакӣ хабар медиҳанд ва дигар чорабиниҳои заруриро амалӣ намоянд.

 3) нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ дигар роҳи ташвиқот маҳсуб мешавад. Ба маводи чопии ташвиқотӣ варақаҳо, брошюраҳо, плакатҳо, тақвимҳо, чопи тарҷумаи ҳол бо барномаи фишурдаи пешазинтихоботии номзад, буклетҳо дохил мешаванд.

4) Номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд мустақилона шаклҳо ва хусусияти ташвиқоти худро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоянд. Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз субъектони ташвиқоти пешазинтихоботӣ шахсони боэътимод мебошанд. Онҳо ҳуқуқ доранд дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, вохӯрӣ бо интихобкунандагон баромад кунанд ва дар баҳсу мунозираҳои пешазинтихоботӣ иштирок намоянд.

ДАР ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТЇ КИҲО ИШТИРОК КАРДА НАМЕТАВОНАНД?

Бояд қайд намуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро надоранд: аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ, иттиҳодияҳои динӣ, судяҳо, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва мушоҳидони байналмилалӣ. Инчунин дар ташвиқоти пеш аз интихобот давлатҳои хориҷӣ, ташкилот ва шаҳрвандони онҳо, шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, созмонҳо ва ҳаракатҳои байналхалқӣ ширкат карда наметавонанд. Дар баробари ин, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар месозад, ки хабарнигорон, шахсони мансабдори идораҳои ВАО, ки онҳо номзад ва ё шахсони боэътимод мебошанд, наметавонанд дар инъикоси ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз тариқи ин  ВАО иштирок намоянд.

Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки ташвиқоти пешазинтихоботӣ яке аз марҳилаҳои муҳим дар раванди интихобот ба шумор рафта, огаҳии шаҳрвандонро аз барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ таъмин месозад. Ҳамзамон, дар ин раванд, шаҳрвандон аз ҳадафу маромҳои номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ огаҳӣ пайдо намуда, дар интихобот ба таври фаъолона иштирок менамоянд ва ба ҷонибдории ин ё он номзад ва ё ҳизби сиёсӣ овоз медиҳанд. Айни замон, номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ вазифадоранд, ки ташвиқоти пешазинтихоботиро дар асоси талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

Моистон АЗИЗОВА

аъзои Комиссияи марказии интихобот ва

раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ МИРАЛЇ

ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,

коршиноси КМИР ҶТ