Шурои олимон

       Шӯрои олимон, яке аз сохторҳои асосии  факултети ҳуқуқшиносӣ  ба ҳисоб меравад. Фаъолияти Шуро дар асоси Низомномаи  «Шӯрои олимони факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 26 майи соли 2006 таҳти № 18/2 тасдиқ шудааст, ба танзим дароварда мешавад. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

   Шӯрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва дигар масъалаҳои муҳими пешбурди кори факултет таҳти роҳбарии декани факултет  ва бо бо фармони ректори Донишгоҳ  таъсис дода шудааст. Шӯрои   олимон   дар   ҳайати   декани   факултет, муовинони ӯ, мудирони кафедраҳо, намояндагони иттифоқи касаба, Шурои илмӣ-методӣ, Шӯрои занон, ва Шӯрои олимони ҷавон  таъсис дода шудааст.

   Вазифаҳои асосии Шӯрои олимони факултет аз инҳо иборат мебошад:


  • муттаҳид намудани имкониятҳои  нерӯи  илмию ақлонии      ҳайати     устодону      омӯзгорон      ва кормандон дар ҳаллу фасли вазифаҳои марбут ба фаъолияти факултет;
  • дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимй», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • татбиқи амалии фармону дастур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоӣ ҷиҳати таъмини тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аз рӯи ихтисосҳои факултет;
  • мусоидат намудан ба тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонй ва рушди минбаъдаи тадқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
  • назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.

Шӯрои олимони факултет масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:


  • лоиҳаи нақша, барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ;
  • ҳисоботи фаъолияти таълимию методӣ ва илмию тадқиқотии кафедраҳо;
  • парвандаҳои пешниҳоднамудаи омӯзгоронро барои дарёфти унвони  профессор ва дотсент мутобиқи тартиби муқарраргардида;
  • нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ, таълимию тарбиявӣ ва такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон;
  • ҳисоботи декани факултет оид ба корҳои таълимию методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ;
  • пешниҳоди номзадҳо барои дохил шудан ба аспирантура ва ординатураҳои клиникӣ аз ҷумлаи хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии додашуда, инчунин номзадҳо барои маъмурият ва аспирантураи яксола;
  • ҳолату чорабиниҳо барои беҳбудии минбаъдаи корҳои илмию тадқиқотии кормандон ва донишҷӯёни факултет;
  • ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмию методӣ ва таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён;
  • мутобиқи тартиби муқарраргардида гузаронидани озмунҳо барои ишғол намудани вазифаҳои озоди ҳайати омӯзгорон-дотсентон, муаллимони калон
    ва ассистентон;
  • тасдиқи нақшаҳои инфиродии аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ ва ҳамасола баррасӣ намудани мавод доир ба аттестатсияи онҳо;
  • дигар масъалаҳои марбут ба пешбурди фаъолияти факултет.
Рӯйхати аъзоёни Шӯрои олимон