Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми март ҳамчун «Рӯзи Модар» таҷлил мегардад. Санаи 7-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба муносибати «Рӯзи модар» суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиби модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.
Бахшида ба ин муносибат имрӯз (07.03.2020) дар толори калони барҳавою замонавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ТСО, шаҳраки донишҷӯён) бо иштироки Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Зимни суханронии хеш Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳузури мубораки ҳамаи бонувон ва модарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хайру мақдам гуфта, онҳоро ба таҷлили ҷашни «Рӯзи модар» самимона табрик намуда, барояшон тансиҳативу саодатмандӣ ва амалишавии ҳадафҳои неку созандаро ба умеди рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол орзу намуданд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз дастгириҳои бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, бонувони донишгоҳро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Сипас ансанбли халқии «Наврӯз» – ДМТ баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти зан-модар барномаи фарҳангиро намоиш доданд, ки дар баробари донишҷӯён, сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Рузибеки Файзалӣ ва Дустмурод Муродов иштирок ва сурудхонӣ намуданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб фарорасии иди Рӯзи модаронро Cадорат ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми модарони тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон саодатмандию пирӯзӣ, саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоянд. Таманнои онро дорем, ки осмони софу офтоби дурахшон болои саратон доимо ҷилвагар бошад.