ИНТИХОБОТ – УМЕД БА ОЯНДАИ НЕК!

0
34

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, № 1380 интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020, интихоботи аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27  марти соли 2020 ва интихоботи вакилони ҷамоат бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» рӯзи 1-марти соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Омузишу таҳлили сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, адабиётҳои илмию таълимӣ ва афкори арзишманди мутафаккирон ба он далолат мекунанд, ки интихобот яке аз қадимтарин ниҳодҳои ҷомеаи башарӣ ва унсури ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.  

Оид ба мазмуну моҳият ва аҳамияти интихобот ҳамчун падидаи муҳимми сиёсӣ аз ҷониби олимону донишмандони маъруфу шуҳратёри тоҷик андешаву назари арзанда ва ҷолиб баён шудаанд. Дар умум, интихобот ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ, воситаи амалишавии соҳибихтиёрии халқ, василаи қонунӣ гардонидани ҳокимият, роҳи осоишта ва мусолиҳатомези ба даст овардани ҳокимият, ташаккули шохаи ҳокимияти қонунгузор ва намояндагӣ, интихоби вакилони мардумӣ, пайравӣ ва нишон аз арзишҳои умумибашарӣ ва демократӣ доштани давлат маънидод карда мешавад. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 – интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад.

Мувофиқи муқаррароти қисми 1-и моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ба ҳисоб меравад. Мавриди зикри хос аст, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 кафолатҳои иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар тақвияти бештар ёфтанд. Як бахши мустақили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар Конститутсия ин ҳукуқу озодиҳои сиёсӣ (моддаҳои 27,28,29,30,31) ташкил менамоянд, ки дар маҷмӯъ амалишавии онҳо барои иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ мусоидат менамоянд.

Мувофиқи қисми якуми моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Тибқи талаботи қисми дуюми моддаи мазкур шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳукуқи интихоб шуданро дорад.

Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд.

Бо роҳи гузаронидани интихобот аслан мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ халқ дар замони муосир ба воситаи интихобот ва райъпурсӣ мақсаду мароми худро амалӣ карда ба ин восита дар идоракунии давлат саҳм мегузорад. Дар банди 3 моддаи 21 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар (1948) пешбинӣ шудааст, ки: «Иродаи мардум бояд асоси ҳокимияти давлат бошад; иродаи мардум ифодаи худро бояд дар интихоботи даврӣ ва ғайрисохтакорона, ки бояд дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ ва баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида шавад ва ё ба василаи тартиби баробараҳамияти дигар, ки овоздиҳии озодро таъмин мекунад, пайдо намояд». Ҳамзамон дар моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиѐсӣ пешбинӣ шудааст, ки: «Ҳар шаҳрванд бидуни ҳаргуна табъиз ва бидуни маҳдудияти беасос бояд ҳуқуқу имконияти зеринро дошта бошад: а) дар идораи корҳои давлатӣ мустақиман ва ё аз тариқи намояндагоне, ки озодона интихоб мешаванд иштирок намояд; б) дар интихоботи воқеан даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ ва баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад ва изҳори озодонаи иродаи интихобкунандагонро таъмин мекунад, овоз диҳад ва интихоб шавад». Зимнан бояд, эътироф намуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот пурра ба арзишҳои демократии байналмилалӣ, стандартҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ ва талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пурра мувофиқат мекунад.

Яке аз нишонаҳои асосии демократӣ будани давлат дар он ифода меёбад, ки ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди он бо кадом тарз амалӣ карда мешавад. Агар ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (масалан президент, парламент, ҳукумат, низоми судӣ) дар ҳолати истифода аз сохторҳои демократӣ, яъне бо истифода аз усулҳои интихобот, раъйпурсӣ, соҳибихтиёрии халқ, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ғайра асос ёфта бошанд, пас хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳудуди ин давлат режими сиёсии демократӣ амал мекунад. Ва баръакс, зимни сарфи назар намудани падидаҳои демократӣ, аз ҷумла тавассути маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, ташкили мақомоти олии давлат бидуни интихобот, маҳдуд намудани ҳуқуқи интихобот, муттаҳид намудани ҳокимият дар дасти танҳо як шохаи ҳокимият, манъи ҳизбҳои сиёсӣ ва ғ. дар ҳудуди давлатҳои алоҳида, кас ба андешае меояд, ки режими давлат ғайридемократӣ аст.

Интихобот имкон фароҳам меоварад, ки шаҳрвандон бо назардошти манфиатҳои худ ҳизбу иттиҳодияҳои гуногунро таъсис дода, ба ин васила дар кори идоракунии давлатӣ ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда ду роҳи соҳиби вазифаҳои масъули давлатӣ гаштани шаҳрвандон ҷой дорад: яке бо усули таъин шудан ба вазифа, дигаре бо роҳи интихоб шудан. Аз ин рӯ, маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки беҳтарин намояндагони хешро барои иҷрои ормону иродаи худ ба вазифаҳои масъул интихоб намояд. Натиҷаи таҳлили қонунгузорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки айни замон бо роҳи гузаронидани интихобот дар Тоҷикистон шаҳрвандон ба вазифаҳои Президенти ҶТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакилони маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳо бевосита интихоб карда мешаванд. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ бошанд, бавосита интихоб мешаванд.

Нақши интихобот, ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ дар инкишофу пешравии ҷомеа назаррас аст.

Яке аз дастовардҳои муҳими интихобот он аст, ки ба воситаи он дар давлат мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ҶТ ва инчунин мақомоти маҳалли намояндагӣ ташаккул меёбанд.

Маҳз фаъолияти самаранок ва бомароми Маҷлиси Олӣ заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилии фаъолияти муназзами тамоми рукнҳои муҳими давлатдориро дар Тоҷикистон фароҳам оварда, қонун ва карорҳо қабулкардаи онҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, зиндагонии арзанда ва пурнишоти сокинони кишвар ва боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамяонд.

Доир кардани чунин маъраки муҳими сиёсӣ ба мисли интихобот зарурати таъсиси ниҳоди махсуси давлатиро тақозо менамояд. Дар ин замина мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда барои таъмини роҳбарӣ ҷиҳати омода ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ таъсис дода мешавад. Масъулияти ташкил ва баргузории интихоботи парламентии соли 2020 дар фазои озод, ба таври шаффоф ва бо риояи қоидаҳои демократӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон вогузор шудааст. То ба имрӯз аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ –  интихоботи вакилони халқ чорабиниҳои зиёди ҳуқуқиву ташкилӣ ва иттилоотиву ташвиқотӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботро тасдиқ намуда, гузашта аз он ба мақсади баланд бардоштани фарҳангии ҳуқуқии аъзоёни комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавӣ, бархурдор намудани онҳо аз мазмуну моҳияти қонунгузории интихобот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар семинарҳои омузишӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати расонидани кумакӣ методӣ ва амалӣ ба комиссияҳои поёнии интихоботӣ дар самти амалисози қонунгузории интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар доираи салоҳияти худ дастурамал, тартиб ва қоидаҳоро таҳия ва тасдиқ намуда онҳоро ба тамоми комиссияҳои интихоботӣ дастрас намуданд. Дар умум бояд изҳор дошт, ки бо мусоидати Комиссияи мазкур дар ҳудуди Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва баври муташаккилона доир кардани ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми шароитҳои арзанда фароҳам оварда шудаанд.

Дар умум, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки интихоботи дар пешистода омили муҳим ва навбатии таҳкими бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, густариши демократия, таъмини зиндагии арзандаи сокишони кишвар, кафили якпорчагии кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, роҳи асосии муттаҳидкунандаи миллат ба нафъи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ вамсъулиятшиносиро тақозо менамояд».

Натиҷаи баргузории интихоботҳо дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди озод ва ихтиёрӣ будани иштироки шаҳрвандон дар интихобот, фоизи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ тамоюли болоравиро дорад. Чунин амали шаҳрвандон албатта падидаи нек аст. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсии кишвар ва низоми идоракунии давлатдорӣ аз боби масъулиятшиносӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат кор гирифта, муҳим будани овози худро барои таъмини пешрафт ва дурнамои дурахшони Ватани маҳбубамон беш аз пеш дарк намудаанд. Пас ҷойи ифтихор аст, ки фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагон сол аз сол боло рафта истодааст. Яқин аст, ки онҳо интихоботро натанҳо ҳамчун як василаи амалишавии ҳуқуқҳои сиѐсии худ, балки воситаи асосии саҳм гузоштан дар ҷодаи идоракунии ҳаёти сиёси ҷомеа пазируфтаанд. Онҳо эҳсос кардаанд, ки дарёфти роҳи дурусти пешрафт ва тараққиёт дар Тоҷикистон маҳз аз интихоби дурусти онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, боисрор бояд таъкид сохт, ки интихоби дуруст омили ҳамагуна пешравиҳост.

Бо истифода аз фурсати муносиб аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соҳиби ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд, лутфан даъват ба амал меорем, ки рузи 1-уми марти солӣ ҷорӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ фаъолона иштирок намуда, барои ободиву пешрафт ва ояндаи неки Тоҷикистони азиз мавқеи худро муайян намоянд. Овози ҳар як интихобкунанда барои тақдири минбаъдаи рушди давлатдории миллӣ ҳалкунанда аст.

 Маҳмудов Изатулло Тешаевич – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, коршиноси КМИР ҶТ