[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][vc_column_text]
Мудири кафедра — н.и.ҳ., дотсент, Қурбонов Қурбон Бобоевич | ||
Суроға: | 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои № 12, ошёнаи 4, утоқи 409. | |
Телефон: | +992-372-24-76-82
|
|
E-mail: | transpravo12@mail.ru |
[/vc_column_text][cq_vc_separator title=”” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][vc_tta_accordion style=”modern” color=”sky” spacing=”1″ gap=”1″ active_section=”1″ no_fill=”true” collapsible_all=”true”][vc_tta_section title=”Расмҳои устодони кафедра” tab_id=”1584474873653-e7efd79d-2ac2″][vc_column_text]
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Таърих” tab_id=”1584072225856-b51c62e7-4dbd”][vc_column_text]
Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти ба таври куллӣ аз нав сохтани тамоми пояҳои ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо ҳаёти давлати соҳибихтиёр ташаккул меёбанд, шаҳрвардонаш умр ба сар мебарад, ба миён омад. Барои ҳалли ин масъала аллакай корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Қонуну санадҳои меъёрии зиёде, ки ба идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт, кишоварзӣ, нақлиёт, заминистифодабарӣ ва ба риояи тартиботи ҳуқуқӣ дахл доштанд, қабул гардида дар ҳаёт татбиқ гашта истодаанд.
Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ, ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави хоҷагидорӣ ва гуногуншаклии моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рушди муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъият гардиданд. Бо чунин назардошт зарурияти омӯзиши таҳлили ва тадқиқоти паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи кишоварзӣ ва ҳуқуқи замин ба вуҷуд омад. Аз ин нигоҳ мавриди таҳқиқ қарор додани раванди танзими умумӣ-ҳуқуқӣ ва хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳои бахши нақлиёт ва кишоварзӣ дар ҶТ, масъалаҳои ҳуқуқии инкишофи қонунгузории экологӣ, масъалаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии танзими давлатии КАС дар ҶТ, хусусиятҳои муносибатҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳофизати муҳити атроф мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти илмӣ ва амалӣ пайдо намуд.
Соҳаи нақлиёт соҳаи муҳими хоҷагии халқ буда, рушди он яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мебошад. Бешубҳа, таваҷҷӯҳи хоса ба ин соҳа асоснок ва саривақтӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии давлатҳои пешрафтаи дунё нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳ ба ин соҳа тақдири минбаъдаи рушди давлатдории миллиро муайян менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки ин масъала дар гузашта низ бетафовут набудааст ва шаҳодати ин гуфтаҳо мавқеи сиёсии давлатдории ниёгонамон дар Роҳи Бузурги Абрешим ба ҳисоб меравад .
Ҷиҳати такмил ва беҳбудӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон, ки вобаста ба шароити таърихӣ ва ҷуғрофӣ дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор гирифта буд саъю кӯшиши зиёди Ҳукумати Чумҳурӣ таҳти роҳбарии сарвари он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси дастгирист.
Барои ҳалли ин масъалаҳо зарурати тайёр намудани ҳуқуқшиносони сатҳи касбӣ дар ин самт ба вуҷуд омад. Бо чунин назардошт дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 22.05.2012, таҳти № 161-09 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба сохтори донишгоҳ (дар бораи таъсиси кафедраи тахассусӣ)» дар сохтори таркибии факултети ҳуқуқшиносӣ кафедраи тахассусии ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ таъсис дода шуд. Ташабусскор ва бунёдгузори кафедра ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ѓафуров Абдухалил Давлаталиевич буд, ки аз моҳи майи соли 2012 то моҳи майи соли 2015 ба ҳайси мудири кафедра фаъолият кардааст. Аз моҳи майи соли 2015 то имрӯз масъулияти иҷрои вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қурбонов Қурбон Бобоевич мебошад. Айни ҳол дар кафедра дотсент Одинаев Р.С., ассистентон Қудбиддинов Ф.Ш., Соҳибов М.М., Қурбонализода Ф., Амренова Ш., Буриев А.Р., Муминзода О.С. ва лабарант Гурезова Ф.А. кору фаъолият менамоянд.
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ то имрӯз дар инкишофи танзими хусусӣ-ҳуқуқӣ ва умумӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудааст. Вобаста ба ин корҳои зерини илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедра гузаронида мешаванд:
– таҳлил ва муайян намудани табиати ҳуқуқи муносибатҳои бахши нақлиёт ва кишоварзӣ дар ҶТ;
– муайян намудани таносуби қонугузории экологии байналмилалӣ ва қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои хусусӣ-ҳуқуқӣ ва умумӣ-ҳуқуқӣ;
– муқаррар кардани хусусиятҳои асосии муносибатҳои нақлиётӣ;
– муайян кардани мавқеъ ва нақши комплекси агросаноатӣ дар ҳуқуқи кишоварзӣ;
– хусусиятҳои вазъи хусусӣ-ҳуқуқӣ ва умумӣ – ҳуқуқии муносибатҳои заминистифодабарӣ;
– муайян намудани равишҳои илмӣ-ҳукуқӣ дар ҳалли проблемаи заминистифодабарӣ;
– муайян намудани табиати ҳуқуқии шартномаҳои нақлиётӣ;
– муайян кардани мавқеи принсипҳои диспозитивӣ ва императивӣ дар ҷараёни муайяннамоии шартномаҳои нақлиётӣ;
– муайян намудани омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар, манбаи таъмини корхонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хом, бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори содиротии мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ;
Ба зиммаи кафедра тадриси фанҳои ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин, Проблемаҳои ҳуқуқи обӣ, Танзими ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи замин, шартномаҳои нақлиётӣ, проблемаи ҳифзи муҳити зист ва ғайра дар шӯъбаи рӯзона, ғоибона ва дигар факултетҳои Донишгоҳи милли Тоҷикистон вогузор шудааст, ки роҷеъ ба ин фанҳо барномаи таълимӣ, воситаҳои таълимӣ ва китоби дарсӣ таҳия ва нашр шудаанд.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти илмӣ” tab_id=”1584072253901-5e3361b2-2078″][vc_column_text]скоро …[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти омӯзгорӣ” tab_id=”1584072284699-6851c30d-54dd”][vc_column_text]Фанҳои таълимӣ:
- Ҳуқуқи кишоварзӣ;
- Ҳуқуқи замин;
- Ҳуқуқи экологӣ;
- Ҳуқуқи наклиёт.
Фанҳои тахассусӣ:
- Проблемаҳои ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист
- Ҳуқуқи куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Субъектони ҳуқуқи кишоварзӣ
- Танзими ҳуқуқии реҷаи категорияҳои замин
- Танзими ҳуқуқии намудҳои алоҳидаи нақлиёт
- Шартномаҳои нақлиётӣ
- Проблемаҳои ҳалли баҳсҳои замин
- Проблемаҳои ҳуқуқи обӣ
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра” tab_id=”1584094067568-65efbbbb-9af6″][vc_column_text]ҲИСОБОТ
оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ дар бахши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили раванди таълим ва вусъат додани корҳои тарбиявӣ
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунанда, Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва факултет, фармоишҳои Ректори донишгоҳ, қарорҳои садорат ва дастуру таъинотҳои декани факултет, Нақша-чорабиниҳои дар факултет дар самтҳои гуногун бароҳ монда дар соли ҳисоботӣ дар бахшҳои илм, таълим ва тарбия ба дастовардҳои зерин ноил шудааст.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ.
Дар соли ҳисоботӣ кафедра дар 1 проблема «Рушд ва инкишофи танзими хусусӣ – ҳуқуқӣ ва оммавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ, замин инчунин амалия ва назарияи онҳо» ва 1 мавзӯъ «Масъалаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии танзими умумӣ ва хусусӣ- ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, экологӣ, кишоварзӣ, ва замин» (роҳбари илмӣ номзади илми ҳуқуқ, дотсент Қурбонов Қ.Б.) кори илмӣ буд, ки марҳилаи 3-юми корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраро ташкил медиҳад. Яке аз тадқиқи проблемаҳои назариявӣ ва амалии танзими оммавӣ ва хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин инчунин дар ин замина коркарди хулосаҳои асосноки илмӣ, таклиф, пешниҳод ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Табъу нашри силсилаи мақолаҳои илмӣ, китоби дарсӣ, монография ва навиштани рисолаҳои илмӣ дар ин самтҳо масъалаҳои асосии илмии кафедра ба ҳисоб меравад.
Дар бахши корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бояд зикр намуд, ки бо заҳмату талоши устодони кафедра дар соли ҳисоботӣ 31 маводи илмию методӣ, аз ҷумла, 2 монография, 24 мақолаи илмӣ, 2 барномаи таълимӣ ба табъ расонда шуд. Ҳамзамон 1 монография, 2 китоби дарсӣ, 1 васоити таълимӣ ва маҷмӯи барномаҳои таълимии кафедра омода шуданд, ки то соли нави таҳсил аз чоп бароварда мешаванд.
Дар ин мӯҳлат аз ҷониби кафедра зиёда аз 7 тақризу хулосаҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳаи қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ навишта шуд.
Дар кафедра аз 8 – нафар устодон, 7 нафари онҳо бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2018 ба Нақшаи КИТ ворид карда шуданд, ки фаъолиятро пеш мебаранд. Як нафар Одиназода Р.С. дар соли 2019 ба Нақшаи КИТ ворид карда мешаванд. Устодони кафедра фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро мувофиқи нақшаи кори илмӣ-тадқиқотии барои соли 2018-ум тасдиқ гардида ба роҳ монда, аз рӯи самт ва масоилҳои муқарраргардидаи он фаъолият намуда истодаанд.
Дар назди кафедра МИД-и «Муҳофизони муҳити зист» зери роҳбарии ассистент Муминзода О.С. фаъолият менамояд, ки то имрӯз дар асоси Нақшаи тасдиқшуда бо иштироки донишҷӯёни фаъол ва роҳбарони илмии худ аз ҳисоби устодони кафедра 16 маҳфил баргузор намуд ва дар он 36 нафар донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар ин давра бори аввал дар кафедра ва кафедраи ҳуқуқи гражданӣ 3 рисолаи номзадӣ (Қудбуддинов Ф.Ш., Амренова Шогуна, Саидмуродова Т.А.) мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар баробари ин дар варианти аввал рисолаи ассистент Қурбонализода Фурқат омода шуда, барои омӯзиш ба роҳбари илмӣ пешниҳод гардид.
Дар пояи кафедра тибқи фармоиши ректори ДМТ аз 07.11.2017, №222-09 дар санаи 26-уми декабри соли 2017 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии ҳуқуқи замин барпо гардид.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ як қатор устодони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуда, аз ҷониби Пешвои миллат бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, олими ҷавони кафедра Одиназода Рамазон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 сарфароз гардонида шуд.
Такмили раванди таълим.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 8 нафар кормандони штатии кафедра, аз ҷумла 2 номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, 1 муаллими калон, 5 ассистент ва 4 нафар ҳамкор дар маҷмӯъ 6299 соат сарбории таълимӣ тақсим карда шуд. Машғулиятҳои лексионӣ, семинари (амалӣ) устодони кафедра дар асоси силлабус ва матни лексияи бо қарори кафедра ва Шӯрои илмию методии факултет тасдиқгардида сурат мегирад. Ба донишҷӯён пеш аз оғози дарс дар шакли электронӣ маводи таълимӣ пешниҳод гардидааст.
Роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, хатмкунӣ, магистрӣ ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани рейтингҳои фосилавӣ, санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра дуруст ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра 4 нафар устодони кафедра (Қурбонов Қ.Б., Муминзода О.С., Идрисов Я.А., Саидмуродова Т.А.) аз такмили ихтисос гузаштанд ва соҳиби диплом гардиданд ва 2 нафар ба такмили ихтисос сафарбар шудаанд.
Барои дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо Нақшаи дарсҳои кушод ва дарсҳои ҳамдигарӣ омода гардида, дар маҷлисҳои кафедра аз натиҷааш хулосаҳо шунида шуд.
Вусъат додани корҳои тарбиявӣ.
Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби 5 нафар устодони кафедра (Қурбонов Қ.Б. – курси 3 ҲБ, Қудбуддинов Ф.Ш. – курси 3 КЛМ, гуруҳи умумӣ, Муминзода О.С. – курси 3 ТҲМК, Буриев А.Р. – курси 3 АБВ, гурӯҳи умумӣ, Идрисов Я.А. – курси 3 ҲБ(англиси) корҳои тарбиявӣ ва дарси кураторӣ баргузор карда шуданд.
Дар соли ҳисоботӣ омӯзгорони кафедра дар 5 барномаҳои телевизион ва радио бахшида ба рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ, 24-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар телевизиони давлатии Сафина, Шабакаи аввал ва Радиои Ховар баромад ва суҳбатҳо намуданд.
Аз ҷониби устодони кафедра навбатдорӣ дар кафедра, факултет ва хобгоҳ дуруст бароҳ монда шудааст. Дар корҳои маъмурӣ бошад як нафар устодони кафедра ассистент Буриев А.Р. ба ҳайси Раиси Шӯрои сарпарастон ҷалб шудааст.
Дар ҳоли ҳозир талабот дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ ва рақобатпазири бозори меҳнат, дорои донишҳои баланди назариявӣ, малакаи касбӣ, сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ самти замин, соҳаи нақлиёт, ҳифзи муҳити зист беш аз пеш эҳсос мегардад. Ин гуфтаҳо дар Паёми пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурӣ бо кормандони мақомоти прокуратура, мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ таъкид гаштаанд. Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки мувофиқ ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кафедра ихтисоси магистратура бо номи «Танзими ҳуқуқии заминсозӣ, таъмини ҳуқуқии фаъолияти логистӣ ва ҳифзи ҳуқуқии муҳити зист» кушода шавад.
Барои боз ҳам хубтар шудани фаъолияти кафедра анҷом додани корҳои зерин мувоқи мақсад аст:
– боло бурдани нақши кафедра дар самти истифодаи усулҳои нави фаъол ва инноватсионӣ дар раванди таълим, боло бурдани сатҳу сифати донишандӯзии донишҷӯён;
– анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ дар иртибот ба самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
– фаъолгардонии саҳми устодони ҷавон дар ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ;
– фароҳам овардани шароити мусоид барои дарёфти грантҳо, бурсияҳо ва дигар сарчашмаҳои иловагии молиявӣ ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, муҷаҳҳаз гардонидани раванди таълим бо технологияи иттилоотию иртиботӣ;
Мудири кафедраи ҳуқуқи
нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии
сарватҳои табиӣ, дотсент Қурбонов Қ.Б.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Ҳайати кадрӣ” tab_id=”1584094153993-da2daf0d-5cf9″][cq_vc_accordion contentcolor=”#333333″][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Қурбонов Қурбон Бобоевич”]
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ
Мансаб: мудири кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи замин, Ҳуқуқи нақлиёт, Ҳуқуқи кишоварзӣ
Мукофот ва унвон: Медали ҷашни «90-солагии адлияи тоҷик» соли 2014, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 1999-2004 донишҷуи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2012 рисолаи номзадиашро «Дар мавзӯи проблемаҳои гражданӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ»дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 2008 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият мекунад
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
28.04.1982с.таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Одиназода Рамазон Сафар”]
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ
Мансаб: дотсент
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи замин, ҳуқуқи нақлиёт.
Мукофот ва унвон:
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2003-2008, Факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2012 рисолаи номзадиро дар мавзӯи: «Ташаккул ва инкишофи девони мазолим дар ҳудуди Тоҷикистони тошуравӣ»дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз 2012-то 2018 муаллими калони кафедра ва аз соли 2018 то ҳол дотсенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
23 июни соли 1984, таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Қудбуддинов Фазлиддин Шарифович”]
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табии
Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт.
Мукофот ва унвон: –
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2006-2011, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ: –
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
2012- то имрӯз ассистенти кафедра ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултет и ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
10 декабри соли 1987, таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Қурбонализода Фурқат”]
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табии
Ному насаб: Қурбонализода Фурқат
Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт.
Мукофот ва унвон: надорад
Маълумот: 2009-2014 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: аз соли 2014 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
28.05.1993 сол таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Амренова Шогуна”]
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табии
Ному насаб: Амренова Шогуна
Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт.
Мукофот ва унвон: надорад
Маълумот: 2009-2014 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2015 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
09.11.1991 сол таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Муминзода Орифҳони Сафо”]
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табии
Ному насаб: Муминзода Орифҷони Сафо
Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт.
Мукофот ва унвон: надорад
Маълумот: 2009-2014 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2016 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
23.09.1990 сол таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Буриев Акмал Раҷабалиевич”]
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табии
Ному насаб: Буриев Акмал Раҷабалиевич
Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт.
Мукофот ва унвон: надорад
Маълумот: то соли 2016 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2016 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
01.08.1988 сол таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Идрисов Яҳё Аюбхонович”]
Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табии
Ному насаб: Идрисов Яҳё Аюбхонович
Мансаб: ассистент
Унвони илмӣ: –
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт.
Мукофот ва унвон: надорад
Маълумот: аз соли 2013 то соли 2018 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2018 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
02.02.1995. сол таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][/cq_vc_accordion][/vc_tta_section][/vc_tta_accordion][/vc_column][/vc_row]