Кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ

Дар шароити муосир бо дарназардошти ба вуқуъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо дигар ниҳоду сохтор ва кишварҳои хориҷӣ таҳдиди назар намудани нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҷорӣ намудани фанҳои нави таълимӣ ва таъcиси кафедраҳои тахассусӣ ба миён омад. Махсусан, чунин ниёзмандӣ аз ҳама бештар дар соҳаи криминалистика ва истифода намудани донишҳои махсус дар самти мубориза алайҳи ҷинояткорӣ эҳсос мегардид.

Бо мақсади татбиқи муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 таҳти № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва аз 29 апрели соли 2009 таҳти № 253 «Дар бораи тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019», инчунин мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.03.13 с. таҳти № 05/1- 790 бо мақсади мусоидат ва ошкорнамоии ҷиноят дар маҷмуъ паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат, соли 2013 тибқи фармони ректори ДМТ аз 28.05.2013 № 152-09 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кафедраи махсусгардонидашудаи «Криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ» ва дар заминаи он таъсис додани ихтисоси «Санҷиши судӣ» ба роҳ монда шуд.

Аммо новобаста аз он ки кафедраи криминалистика дар сохтори факултети ҳуқуқшиносии ДМТ соли 2013 таъсис ёфт, таърихи таълим додани илми криминалистика аз солҳои 50-уми асри ХХ дар заминаи кафедраи дигар ба роҳ монда шуда буд. Дар рӯзҳои аввал се нафар устодон – Салимов Ҳ.С., Ямоқова З.Д. ва Назаров А.Қ. аз мутахассисони унвони илмидоштаи соҳаи зикршуда ба ҳисоб мерафтанд. Аввалин мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назаров А.Қ. таъин гардид, ки ӯ то кунун ин вазифаро бар зиммаи хеш дорад.

Айни замон дар кафедра 12 корманди штатӣ, аз ҷумла: 2 нафар докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Зоир Ҷ.М., Назаров А.Қ., Ямоқова З.Д., 5 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ки аз онхо 4 нафар дотсентон Қодирзода Д.С., Давлатзода К.Д.,  Шарипов С.С., Давлатзода Д.Д., н.и.ҳ. Давлатов Б.С., 1 муаллими калон Насриддинов М. ва 4 ассистентон Ҳабибзода Н.Х., Аҳмадзода М.С., Файзуллозода А.Қ.., Сафаров З. фаъолият доранд.

Санаи 12 марти соли 2020 дар заминаи кафедра кушодашавии лабораторияи илмӣ-криминалистӣ баргузор гардида буд. Лабораторияи мазкур бо ҳама маводҳои зарурӣ таҷҳизонида шудааст. Лаборатория бо ҷомадони криминалистӣ, воситаҳои аёнӣ, воситаҳои ченкунӣ, воситаҳои инструменталӣ, видеофилмҳои криминалистии таълимӣ, фотоаппаратҳои рақамӣ, воситаҳои ченкунӣ, хокаҳои дактилоскопӣ, плёнкаҳои дактилоскопӣ, щёткаҳои дактилоскопӣ, гипсҳо, воситаҳои илмӣ- техникии таҷҳизоти ҷустуҷӯкунандаи фулузот, магнитҳо, бастаҳои махсуси нигоҳдорандаи тирҳои силоҳи оташфишон мавҷуданд, ки он ҳама дар ҷараёни машғулиятҳои амаливу лабораторӣ истифода бурда мешаванд.

Дар солҳои охири фаъолият кафедра ба якчанд дастовардҳои илмӣ ноил гардид, аз ҷумла 2 нафар омӯзгорони кафедра рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докториро зери роҳбарии профессор Назаров А.Қ. бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Айни  ҳол дар кафедра зиёда аз 10 фанҳои таълимӣ ба донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ дарс дода мешаванд, аз ҷумла криминалистика, фаъолияти экспертизаи судӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, усули тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнин, усули тафтиши ҷиноятҳо муқобили ҳаёт ва саломатӣ ва ғайра. Тӯли 11 соли фаъолият дар кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ садҳо асарҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ нашр карда шудаанд, ки онҳо ба таълиму тарбия ва рафъи мушкилоти илмҳои ҳуқуқшиносӣ равона гардидаанд.