Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дорои заминаи бойи мутахасисони баландихтисос буда, аспирантону унвонҷуён ва докторантонро бо роҳбарони илмӣ пурра таъмин карда метавонад. Пас аз ба итмом расонидани рисолаҳои номзадиву докторӣ аспирантон, докторантон ва унвонҷуён барои дифоъ ба Шӯроҳои дар Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беллорусия ва Узбекистон мавҷуд буда фиристода мешаванд.
Руйхати ихтисосҳои илмие, ки аспирантону унвонҷӯён дар факултети ҳуқуқшиносӣ рисола навишта метавонанд, замима карда мешавад.
Код | Номгӯи ихтисосҳо | Соҳаҳои илм |
12.00.00 | Илмҳои ҳуқуқшиносӣ | |
12.00.01 | Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.02 | Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи суди конститутсионӣ; ҳуқуқи мунисипиалӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.03 | Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.04 | Ҳуқуқи молия; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.05 | Ҳуқуқи меҳнатӣ; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.06 | Ҳуқуқи замин; ҳуқуқи аграрӣ; ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ; ҳуқуқи экологӣ; ҳуқуқи кишоварзӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.07 | Ҳуқуқи корпоративӣ; ҳуқуқи энергетикӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.08 | Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.09 | Мурофиаи ҷиноятӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.10 | Ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи аврупоӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.11 | Фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳукуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳимоявӣ; | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.12 | Криминалистика; фаъолияти экспертизаи судӣ; фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.13 | Ҳуқуқи иттилоотӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.14 | Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ. | ҳуқуқшиносӣ |
12.00.15 | Мурофиаи гражданӣ; мурофиаи арбитражӣ. | ҳуқуқшиносӣ |