Абдуллоев Парвизи Саъдулоеевич – н.и.ҳ., дотсент
Абдуллоев Парвиз Саъдуллоевич 10-уми сентябри соли 1986 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 2004 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 2009 бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2009-2010 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2010-2013 аспиранти шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, солҳои 2014-2017 ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ, соли 2017 то кунун дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, солҳои 20152016 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва аз соли 2016 то ҳозир ба сифати муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ фаъолият намуда истодааст. Масъалаҳои вобаста ба проблемаҳои мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятии байналмилалӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ, масоили далел ва исбот, назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ, проблемаҳои мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз мавзӯъҳои марказии таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Соли 2010 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов аз ҳисоби стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дохил гардида, соли 2014 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ёрии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ҳангоми ҷамъ намудан ва санҷидани далелҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ (КМҶ ҶТ)» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов Э. Ф. Кутсова ҳимоя намудааст.
Мавсуф аз фанҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва курсҳои махсуси «Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои мурофиавии давраҳои тосудии мурофиаи ҷиноятӣ» ва «Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ» ба шогирдон дарс мегӯяд. Муаллифи беш аз 100 кори илмиву таҳқиқотии нашршуда мебошад. Аз ҷумла, 3 монографияи илмӣ, 1 воситаи таълимӣ, 60 мақолаи илмӣ, 6 маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар зиёда аз 30 конференсияи бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва бо маърӯза баромад намудааст. Дар Федератсияи Россия (20132014) ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка (2015) курсҳои такмили ихтисосро гузаштааст. Соли 2019 барои эҷоди асарҳои илмӣ дар мавзӯи «Международно-правовая помощь при собирании и проверке доказательств по уголовным делам (по материалам Республики Таджикистан и Российской Федерации): монография» (Москва: Юрлитинформ, 2016. – 224 с.), «Международное сотрудничество по уголовным делам на постсоветском пространстве: монография» (Душанбе: Эр-граф, 2018. – 392 с.) ва ҳамзамон нашри як силсила мақолаҳои илмӣ дар робита ба ҳамин мавзӯъҳо ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон мушарраф гардидааст.
Ҳамчун узви комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2018 то кунун) фаъолият карда истодааст. Бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2016) қадрдонӣ шудааст. Беш аз 10 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.