Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо тамоми наздикону пайвандонашонро ба ҷашни пуршукӯҳи 22-солагии қабули муқаддастарин ва арзишмандтарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору сарфарозӣ самимона шодбош гуфта, барояшон тансиҳативу саодатмандӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ ва амалишавии ҳадафҳои неку созандаро ба умеди рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол орзу менамояд.
Мавриди зикри хос аст, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми беназир дорад. Конститутсияи кишвар тамоми орзуву ормон ва ҳуввияти озодихоҳиву озодиандешии мардуми тоҷикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагонии босаодати ҳар фард заминаи мусоидро фароҳам овард. Ҳамзамон қабули Конститутсия заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилиро дар самти таҳия ва қабули қонунҳои нави ҷавобгуй ба талаботи замон, таҷассумгари манфиатҳои миллӣ ва таҷдиду азнавсозии мақомоти давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои ҳуқуқмуҳофизавӣ бунёд гузошт. Маҳз ба хотири таъмини рушди бемайлони давлатдории миллӣ, мувофиқ кунонидани қонунгузории миллӣ ба ченаку стандартҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароитҳои арзандаи зиндагонӣ барои ҳар як фард, рушди устувори иқтисоди миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионии давлат, таъмини амнияти давлат ва мудофиаи мамлакат солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ баргузор гардид. Ҷойи ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи фарогирии беҳтарин арзишҳои ҳукуқии ҷомеаи башар ва суннату арзишҳои миллӣ аз назари коршиносон яке аз Конститутсияҳои беҳтарини олам эътироф шудааст.
Басо рамзист, ки дар арафаи таҷлили солгарди навбатии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қадами бузург дар роҳи таъмини рушди бемайлони Тоҷикистони муосир ва рӯзгори пурнишоти мардуми тоҷик гузошта шуд. Бо ибтикору ташаббусҳои созанда ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябри соли ҷорӣ ба бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун, ки муҳимтарин ва азимтарин объекти стратегии аср ба ҳисоб меравад, ҳусни оғоз бахшида шуд. Умедворем, ки аз баракату шарофати истиқлолияти давлатӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии сокинони Ватани маҳбубамон минбаъд низ воқеаву рӯйдодҳои муҳиму фараҳбахш ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
Танҳо дар заминаи риояи ҳатмӣ ва иҷрои бемайлони меъёрҳои конститутсионӣ бо дарки баланди садоқату вафодорӣ, меҳанпарастиву хештаншиносӣ мо метавонем ба таъмини дурнамои дурахшони Тоҷикистони азиз ҳамчун давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ноил гардем.