Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

     Санаи 20-уми январи соли 2016 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод гардид.

     Рушду инкишофи устувори минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ, густариши ҳаёти фарҳангию ҳуқуқӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани  шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон, таълим ва тарбияи толибилмону донишҷуён, тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, густариши фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳукуқ дар самти муқовимат бо экстремизму терроризм ва коррупсия, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати оштинопазир бо терроризму экстремизм, таъмини амният  ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат, вусъат додани робитаҳои беруна бо шарикони стратегӣ аз мавзӯҳои асосии Паёми имсола ба ҳисоб мерафтанд.

     Дар умум меҳвари асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳалли се ҳадафи асосӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ташкил медиҳад.

      Дар партави дастгириҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф  таъкид карда шуд, ки шурӯъ аз 01 июли соли 2016 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.

     Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  тасмим  гирифтааст, ки омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  кишварро дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимон бо иштироки кулли устодону кормандони факултет ба роҳ монад.