Ба истиқболи Наврӯзи аҷам

Боз Наврӯзи аҷам бар мулки мо меҳмон шудаст,

Шамси оламгири мо сӯи Замин хандон шудаст,

Майсаву себаргаю қоқу ба истиқболи он,

Рӯи кӯҳу дашту саҳроро фаро махмал шудаст,

Осмон ҳам пешвози рӯзи нав,

Ашки шодӣ рехтаву ҳафтранг шудаст,

Рози шодӣ мекунад он кабки маст,

Булбул аз хушҳолӣ ромишгар шудаст,

Турнаҳо парвоз оянд ҳамчу рамзи рӯзи нав,

Дар Замини мо ҳаёти нав кунун оғоз шудаст,

Гашта бедор чашмаю рудҳо зи нав,

Дилнишин доданд садо: Наврӯз шудаст, Наврӯз шудаст!

Одамонро ин хабар чун хуш бувад,

Пиру барно хандалаб зебо шудаст,

Чун ҳама гиранд дар оғуш якдигар,

Бо муборакбодӣ хушбахтанд, ки боз Наврӯз шудаст,

Аз Ҳисору Рашту Хатлон,

Ҳам зи Суғду аз Бадахшон,

Хушхабар омад, ки боз Наврӯз шудаст,

Рӯз ба шаб пирӯз шудаст, Наврӯз шудаст, Наврӯз шудаст!

Беҳзод Расулов  – дотсенти кафедраи

ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ