Файзу эҳсон бар диёрам соли пешин ком кард,
Меҳри меҳандӯстиро дар дили мо ром кард.
Гар хиёнат кард нокас, бо худаш ӯ дом кард,
Хайр эй соли куҳан, хуш омадӣ, эй соли нав!
Мулк обод асту халқи ранҷбар осудатар,
Амният пуриқтидору рамзҳои ҷилвагар,
Се ҳазор соли Ҳисор овозадори баҳру бар,
Хайр эй соли куҳан, хуш омадӣ, эй соли нав!
Пешвои миллатамро парлумон овоз дод,
Ормони мардуми мо шаҳпари парвоз дод,
Номи тоҷикро зи умқи бостон оғоз дод,
Хайр эй соли куҳан, хуш омадӣ, эй соли нав!
Соли нав соли умеду ҳам барори кор бод!
Дар саодатмандӣ ӯро олами афкор бод!
Дар раҳи ободӣ доим миллатам бедор бод!
Хайр эй соли куҳан, хуш омадӣ, эй соли нав!
Дониёр Сангинӣ