Cадорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муждаи нек медиҳад, ки рӯзи 19.09.2015 дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ѓафуров Абдухалил Давлаталиевич дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Қирғизистон рисолаи докториашро сарбаландона ҳимоя кард.
Аз ин ру, садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат Ѓафуров Абдухалил Давлаталиевичро самимона табрик намуда, ба эшон саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву корҳои илмӣ – тадқиқотиаш комёбиҳои беназирро ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз хоҳонанд.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ѓафуров Абдухалил Давлаталиевич