мудири кафедра, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирализода И.Қ.
Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ моҳи сентябри соли 2006 дар сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он замон яке аз нахустин кафедраҳои махсусгардонидашуда оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Бунёдгузори кафедраи мазкур олими машҳур, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода А.Ғ. ба ҳисоб меравад.
Замоне, ки кафедра таъсис ёфт дар он ҳамагӣ 5 нафар омӯзгори штатӣ (1 нафар доктори илм, 1 нафар номзади илм, 3 ассистент) ва 2 нафар ҳамкор фаолият мекарданд.
Айни замон дар кафедра 22 нафар корманди штатӣ (аз ҷумла, 5 нафар зан) ва 2 нафар ҳамкор, аз ҷумла 4 доктори илм, профессорон Холиқзода А.Ғ., Сафарзода Б.А., Раҳмон Д.С. ва Мирализода И.Қ., 9 номзади илм, дотсентон – Саидзода И.И., Саъдизода Ҷ., Бобоева Н.И., Шоев Ф.М., Искандаров Ш.Ф., Исозода П.А., Холиқов Н.А., Вализода С.О., Сафарализода Д.С., 2 муаллими калон – Холиқова О.А., Исматова М.Ҳ. ва 6 ассистент – Азимов С.Ш., Бобозода У.Э., Муминзода М.Н., Аҳадзода А.А., Иброҳимзода Ш.Ҳ., Сайфуддинзода Ф.С. ва 1 лаборант – Азизов С.С. ба фаолияти илмӣ-омузгорӣ машғуланд.
Имрӯз кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ яке аз пойгоҳҳои пуриқтидори илмӣ оид ба таҳқиқи масъалаи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз моҳи сентябри соли 2019 дар назди кафедра магистратура аз рӯи ихтисоси «ҳуқуқшиносии муқоисавӣ» таъсис дода шуд, ки ин иқдом барои тарбияи мутахассисони варзида ва ба роҳи илм роҳнамоӣ намудани онҳо мусоидат менамояд.
Дар доираи кафедра фанҳои таърихи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, курсҳои махсуси ҳуқуқи зан, ҳуқуқи гурезаҳо, ҳуқуқи мусулмонӣ, нақши Пешвои миллат дар ташаккули қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба донишҷӯён таълим дода мешаванд. Инчунин, омӯзгорони кафедра дар ҳамаи факултетҳои ихтисоси ғайриҳуқуқшиносии ДМТ аз фанни “Ҳуқуқ” дарс мегӯянд.
Айни замон фаолияти илмии кафедра баҳри иҷро намудани нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 дар чорчубаи мавзуи «Масъалаҳои назариявии инкишофи низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави равандҳои ҷаҳонишавӣ» равона карда шудааст. Тамоми устодони кафедра ба нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ шомил мебошанд.
Дар давоми 18 соли фаъолият дар кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ зиёда аз ҳазору сад асарҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмӣ-оммавӣ рӯи чоп бароварда шуд, ки онҳо барои такмили паҳлуҳои гуногуни рӯзгори ҳуқуқӣ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва дар умум низоми ҳуқуқии Тоҷикистон равона шудаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби омӯзгорони кафедра 9 китоби дарсӣ, 45 монография, 1 фарҳанги истилоҳот, 55 воситаи таълимӣ, 14 маҷмуа, 40 барномаи таълимӣ ва дастурҳои методӣ ва 1000 мақолаҳои илмӣ ва фишурда ба табъ расидааст.
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон» амал мекунад, ки дар он донишҷӯён зери роҳбарии устодони кафедра бо маърузаҳои илмӣ баромад мекунанд.
Аз соли 2006 оғоз карда, шахсони зерин роҳбарии кафедраро ба зимма доштанд: 1) Холиқзода А.Ғ. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор (солҳои 2006-2009); 2) Сафарзода Б.А. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор (солҳои 2009-2015); 3) Азиззода У.А. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор (солҳои 2015-2017); 4) Саидзода И.И. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент (солҳои 2017-2018); 5) Саъдизода Ҷ. номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент (солҳои 2018-2024); 6) Мирализода И.Қ. доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор (аз моҳи апрели соли 2024 то инҷониб).
Омӯзгорон ва дастпарварони кафедра ба зинаҳои баланди илмӣ расида, дар вазифаҳои пурмасъул кору фаолият менамоянд. Аз ҷумла: Холиқзода Абдураҳим Ғаффор – Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор; Сафарзода Бахтовар Амиралӣ – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор; Раҳмон Дилшод Сафарбек – Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор; Саидзода Исфандиёр Искандар – Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент; Саъдизода Ҷаҳонгир – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.
Барои хизматҳои шоён ва дастовардҳои назаррас як зумра устодони кафедра дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат бо мукофот ва ҷоизаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла профессор Холиқзода А.Ғ. бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2021) ва Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), профессор Сафарзода Б.А. бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2011); профессор Раҳмон Д.С. бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2020) ва Медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021) сарфароз гардонида шудаанд.
Дар умум гуфтан мумкин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар заминаи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мактаби мустақили илмӣ – мактаби илмии ҳуқуқи инсон ва мактаби илмии ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ба миён омад.
Фаъолияти илмӣ
Дар доираи кафедра аз фанҳои «таърихи ҳуқуқи инсон», «ҳуқуқи инсон», «ҳуқуқшиносии муқоисавӣ», курсҳои махсуси «ҳуқуқи занон», «ҳуқуқи гурезаҳо», «ҳуқуқи кӯдак» , «механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон» таълим дода мешаванд. Инчунин, кафедра дар ҳамаи факултетҳои ихтисоси ғайриҳуқуқшиносии ДМТ аз фанҳои «ҳуқуқ» ва «ҳуқуқи инсон» дарс мегӯяд.
Кафедра дар доираи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ самтҳои фаъолияти худро баҳри инкишофи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Кафедра инчунин бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ вобаста ба вазифаҳои дар наздаш истода ҳамкориҳо дорад.
Фаъолияти омӯзгорӣ
Фанҳои таълимӣ:
- Таърихи ҳуқуқи инсон;
- Ҳуқуқи инсон;
- Ҳуқуқшиносии муқоисавӣ.
Фанҳои тахасусӣ:
- Ҳуқуқи занон;
- Ҳуқуқи гурезаҳо;
- Ҳуқуқи кӯдак;
- Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон.