Кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ

Дар шароити муосир бо дарназардошти ба вуқуъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо дигар ниҳоду сохтор ва кишварҳои хориҷӣ таҳдиди назар намудани нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҷорӣ намудани фанҳои нави таълимӣ ва таъcиси кафедраҳои тахассусӣ ба миён омад. Махсусан, чунин ниёзмандӣ аз ҳама бештар дар соҳаи криминалистика ва истифода намудани донишҳои махсус дар самти мубориза алайҳи ҷинояткорӣ эҳсос мегардид.

Бо мақсади татбиқи муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 таҳти № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва аз 29 апрели соли 2009 таҳти № 253 «Дар бораи тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019», инчунин мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.03.13 с. таҳти № 05/1- 790 бо мақсади мусоидат ва ошкорнамоии ҷиноят дар маҷмуъ паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат, соли 2013 тибқи фармони ректори ДМТ аз 28.05.2013 № 152-09 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кафедраи махсусгардонидашудаи «Криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ» ва дар заминаи он таъсис додани ихтисоси «Санҷиши судӣ» ба роҳ монда шуд.

Аммо новобаста аз он ки кафедраи криминалистика дар сохтори факултети ҳуқуқшиносии ДМТ соли 2013 таъсис ёфт, таърихи таълим додани илми криминалистика аз солҳои 50-уми асри ХХ дар заминаи кафедраи дигар ба роҳ монда шуда буд. Дар рӯзҳои аввал се нафар устодон – Салимов Ҳ.С., Ямоқова З.Д. ва Назаров А.Қ. аз мутахассисони унвони илмидоштаи соҳаи зикршуда ба ҳисоб мерафтанд. Аввалин мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назаров А.Қ. таъин гардид, ки ӯ то кунун ин вазифаро бар зиммаи хеш дорад.

Айни замон дар кафедра 12 корманди штатӣ, аз ҷумла: 2 нафар докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Зоир Ҷ.М., Назаров А.Қ., Ямоқова З.Д., 5 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ки аз онхо 4 нафар дотсентон Қодирзода Д.С., Давлатзода К.Д.,  Шарипов С.С., Давлатзода Д.Д., н.и.ҳ. Давлатов Б.С., 1 муаллими калон Насриддинов М. ва 4 ассистентон Ҳабибзода Н.Х., Аҳмадзода М.С., Файзуллозода А.Қ.., Сафаров З. фаъолият доранд.

Санаи 12 марти соли 2020 дар заминаи кафедра кушодашавии лабораторияи илмӣ-криминалистӣ баргузор гардида буд. Лабораторияи мазкур бо ҳама маводҳои зарурӣ таҷҳизонида шудааст. Лаборатория бо ҷомадони криминалистӣ, воситаҳои аёнӣ, воситаҳои ченкунӣ, воситаҳои инструменталӣ, видеофилмҳои криминалистии таълимӣ, фотоаппаратҳои рақамӣ, воситаҳои ченкунӣ, хокаҳои дактилоскопӣ, плёнкаҳои дактилоскопӣ, щёткаҳои дактилоскопӣ, гипсҳо, воситаҳои илмӣ- техникии таҷҳизоти ҷустуҷӯкунандаи фулузот, магнитҳо, бастаҳои махсуси нигоҳдорандаи тирҳои силоҳи оташфишон мавҷуданд, ки он ҳама дар ҷараёни машғулиятҳои амаливу лабораторӣ истифода бурда мешаванд.

Дар солҳои охири фаъолият кафедра ба якчанд дастовардҳои илмӣ ноил гардид, аз ҷумла 2 нафар омӯзгорони кафедра рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докториро зери роҳбарии профессор Назаров А.Қ. бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Айни  ҳол дар кафедра зиёда аз 10 фанҳои таълимӣ ба донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ дарс дода мешаванд, аз ҷумла криминалистика, фаъолияти экспертизаи судӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, усули тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнин, усули тафтиши ҷиноятҳо муқобили ҳаёт ва саломатӣ ва ғайра. Тӯли 11 соли фаъолият дар кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ садҳо асарҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ нашр карда шудаанд, ки онҳо ба таълиму тарбия ва рафъи мушкилоти илмҳои ҳуқуқшиносӣ равона гардидаанд.

Назаров Аваз Қувватович

Мансаб: мудири кафедра

Унвони илмӣ: профессор

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:  Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳоиҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика, ҳуқуқи ҷиноятии ислом буда, муаллифи беш аз 120 маводҳои илмию тадқиқотӣ мебошад.

Мукофот ва унвон: медали «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2018);  медали “Хизмати шоиста” (соли 2024)

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: 

Соли 2002 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Меъёрҳои ҳуқуқӣ- ҷиноятии Қуръон ва Ҳадис ва таснифи онҳо аз рӯйи институтҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ» дифо намудааст.

Дифои рисолаи докторӣ:

Соли 2021 рисолаи докториашро дар мавзуи «Исламское уголовное право и его применение в странах с элементами исламской правовой системы: теоретические и прикладные аспекты (сравнительный уголовно-правовой анализ)» ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:  Соли 2002 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ факултети ҳуқуқшиносии  ДМТ фаъолиятро оғоз намудааст. Аз соли 2013 то ин замон ба ҳайси мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ фаъолият намуда истодааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 29. 04.1980 с.

Зоир Ҷурахон Маҷидзода

Мансаб: 

Унвони илмӣ: профессор

 Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ

Мукофот ва унвон: корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001); Ордени «Шараф» дараҷаи II (2012); дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (2015.); дорандаи ордени «Ситораи тиллоӣ»-и Академияи илмҳои умумиҷаҳонии дастаҷамъона (ВАНКБ) (2016); Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018)

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1983 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва соли 1993 Академияи ВКД-и Федератсияи Россияро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 1997 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хусусиятҳои этносотсиалии ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон» дифо намудааст.

Дифои рисолаи докторӣ:

Соли 2004 рисолаи докториашро дар мавзуи «Инкишофи давлатдории миллӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ» ҳимоя намудааст

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

1983-1988 – нозир, сарнозири кофтукови ҷиноии РКД-и вилояти Қӯрғонтеппа, 1988- сардори шуъбачаи 3-юми шуъбаи кофтукови ҷиноятии РКД-и вилояти Қӯрғонтеппа, 1988- 1991 – муовини сардори ШКД-и ноҳияи Бохтар (Коммунистӣ), 1991-1992 – шунавандаи Академияи ВКД-и ИҶШС, 1993-1994 – сардори шуъбаи сеюми РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 01.1994-08.1994 – муовини сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994-1995 – сардори ШКД-и ноҳияи Роҳи Оҳани (ҳоло Шоҳмансур) ш. Душанбе, 1995-1996 – сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1996 – сардори РКД-и вилояти Хатлон, 1996-1997 – муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1997-1999 -муовини Раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1999-2000 – муовини раиси Кумитаи Маҷлиси Олӣ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият кардааст. 1995-2000 ба ҳайси Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ интихоб шудааст. 2000-2001 – муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 06. 2001-11.2001 – муовини сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001-2007 – сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007-2009 – сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009-2011 – намояндаи ваколатдори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини директор) дар бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона дар ИДМ (БКБОП), 2011- 2013 – сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2013-2015 – сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,  2015 то айни ҳол раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мебошад. Аз соли 2016 то кунун профессори кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

26.03. 1957 с. таваллуд шудааст.

Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна

Мансаб: 

Унвони илмӣ: профессор

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:  Доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои криминалистика, экспертизаи судӣ буда, муаллифи беш аз 150 маводҳои илмию тадқиқотӣ мебошад.

Мукофот ва унвон: Медали ҷашнии «Барои меҳнати шоиста. Бахшида ба ҷашни 100- солагии В.И. Ленин»; медали «Собиқадори меҳнат» (1987); нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1994); нишони сарисинагии «Барои муваффақиятҳои аъло дар кори Кумитаи давлатии СССР оид ба маорифи халқ»; медали «Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998); Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008); медали ҷашнии «90- солагии адлияи Тоҷикистон» Вазорати адлияи ҶТ (2014)

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: 

Соли 1960 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 1971 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Экспертизаи судии дастнавис (тадқиқоти криминалистӣ ва мурофиавӣ- ҷиноятӣ аз рӯйи маълумотҳои РСС Тоҷикистон)» дифо намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:  Солҳои 1960-1972 дар Лабораторияи марказии илмӣ- тадқиқотии экспертизаи судӣ фаъолиятро оғоз намудааст. Соли 1974 ба ҳайси дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии УДТ ба номи В.И. Ленин фаъолиятро идома додааст. Солҳои 1982-1985 ба ҳайси декани факултети ҳуқуқшиносии УДТ ба номи В.И. Ленин фаъолият кардааст. Солҳои 2013-2019 дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият кардааст. Аз соли 2019 то айни ҳол профессори кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 01. 09.1937 с.

Сафаров Зеваршо Сафарович

E-mail: zevarshohsafarov96@gmail.com

Тел.: (+992) 937-36-96-96.

Унвони илмӣ:

Дараҷаи илмӣ:

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: криминалистка, фаъолияти судӣ-экспертӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Мукофот ва унвон:

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2019 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи дараҷаи бакалаврият бо ихтисоси ҳуқуқшиноси умумӣ ва соли 2021 аз рӯи дараҷаи магистр бо ихтисоси фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ бо дипломи АЪЛО хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Дифои рисолаи докторӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз 01 сентябри соли 2024 то инҷониб ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 23 феврали соли 1996

Файзуллозода Айнулло Қудратулло,

E-mail: aynullo.f@mail.ru

Тел.: (+992) 988-56-46-55.

Унвони илмӣ:

Дараҷаи илмӣ:

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: криминалистка, фаъолияти судӣ-экспертӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Мукофот ва унвон:

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот

Соли 2015 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси умумӣ бо дипломи АЪЛО хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ: доираи тадқиқоти илмиаш дар мавзӯи «Тактикаи криминалисти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса: ҷанбаҳои назарявӣ ва амалӣ».

Дифои рисолаи докторӣ:

Таҷрибаи корӣ  ва  фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз 25 феврали соли 2016 то соли 2021 ба ҳайси котиби маҷлиси судии Суди вилояти Хатлон. Аз моҳи октябри соли 2021 то моҳи августи соли 2023 ба ҳайси Мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ. Аз моҳи сентябри соли 2023 то ин ҷониб ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспетизаи судӣ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 15 сентябри соли 1992

Ҳабибзода Назира Халил

 Мансаб: 

 Унвони илмӣ: 

 Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:  криминалистика, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол:  соли 2000 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм намудааст.

Маълумот: Фаъолияти кориросоли 1989 ба ҳайси диспетчери шуъбаи шабона; методисти шуъбаи ғоибонаи факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) оғоз намудааст; солҳои 1997 – 2013 лаборанти калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; солҳои 2013 – 2024 лаборанти калони кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли 2024 дар вазифаи ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият дорад.            

Дифои рисолаи номзадӣ: айни замон рисолаи номзадиаш дар мавзуи “Тафтиши ба худкушӣ расондан” зери роҳбарии профессор Ямоқова З.Д. анҷом ёфтааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ: 

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

07.01.1970 с. таваллуд шудааст.

Аҳмадзода Муҳаммадалӣ Сайхуҷа


Мансаб: 

Унвони илмӣ: 

Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, криминалистика

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Соли 2018 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм намудааст.

Маълумот: аз соли2018 то кунун ассистенти кафедраи  криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

  Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2024 дар мавзуи «Тактикаи санҷиш нишондод дар ҷойм ҳодиса дар мавриди тафтиши ҷинояти одамкушӣ» рисолаи номзадиашро дифо намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣАз соли 2018 то ин ҷониб ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 01. 10.1995 с.

Давлатзода Диловар Давлат

Мансаб: Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Раиси ш. Душанбе

Унвони илмӣ: дотсент

 Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:  криминалистика, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: Соли 2012 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2020 дар мавзуи «Тафтиши ҷиноятҳо дар соҳаи муносибатҳои замин (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»» рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

Дифои рисолаи докторӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:  Фаъолияти кориро солҳои  2012-2013 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи таълими ДМТ оғоз намудааст; солҳои 2013–2021 ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз соли  2021 то моҳи январи соли 2023 дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; аз моҳи январи соли 2023 то соли 2024 мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; аз соли 2024 мудири шуъбаи ҳуқуқи  Дастгоҳи Раиси ш. Душанбе мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 01.07.1989 с.

Давлатзода Комрон Давлат

Мансаб: 

Унвони илмӣ: дотсент

 Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:  ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: 

 Соли 2016 факултети ҳуқуқшиносии  ДМТ-ро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2018 дар мавзуи «Масъалаҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологии тамаъҷӯӣ» рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

Дифои рисолаи докторӣ:

Санаи 24 августи соли 2024 дар мавзуи “Масъалаҳои ҳуқуқӣ – ҷиноятӣ ва криминологии муқовимат бо киберҷиноятҳо: проблемаҳои назариявӣ ва амалӣ” рисолаи докториашро дифо намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ: Соли2016 ба ҳайси ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба фаъолити корӣ шуруъ намудааст. Соли 2019 муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба тарбия; соли 2020 ёрдамчии муовини аввали ректори ДМТ; соли 2023 дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; соли 2024 мушовир – ҳуқуқшиноси ДМТ фаъолият намудааст. Аз моҳи августи соли 2024 то кунун ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Раиси ш. Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 01. 11.1993 с.

Давлатов Бахтиёр Саидакбарович

Мансаб: 

Унвони илмӣ: 

 Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:  ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: Соли 2012 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм намудааст.                                       

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2023 дар мавзуи «Саркашӣ намудан аз супоридани андоз аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ» рисолаи номзадиашро дифо намуд.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:  Фаъолияти кориросолҳои 2013-2014 ҳамчун мутахассиси шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи ш. Душанбе оғоз намудааст. Солҳои 2014-2015 аъзои Коллегияи адвокатҳои маслиҳатхонаи ш. Турсунзода; солҳои 2015 – 2024 ассистент, муаллими калони кафедраи                                                 криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

28.10. соли  1988 таваллуд шудааст.

Қодирзода Далер Сайфулло

Мансаб: 

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: криминалистика, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: Соли 2012 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм намудааст.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2017 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар: методикаи махсуси тафтиши он (тибқи маводҳои ҶТ)» дифо намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ: Соли 2012 ба сифати аспиранти шуъбаи рӯзона фаъолияти илмии худро шуруъ намудааст. Солҳои 2015-2017 ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Москваи ФР ба номи Кутафин О.Е. таҳсил намудааст. Солҳои 2013-2018 ба ҳайси ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият намудааст.Соли 2019 дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети  ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолияти хешро идома додааст. Соли 2020-2022 ба ҳайси декани факултети дипломатия ва сиёсат, солҳои 2022-2023 декани факултети идоракунии давлатӣ ва солҳои 2023-2024 декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ; аз моҳи январи соли 2024 то сентябри соли 2024 сардори шуъбаи ҳуқуқи ДМТ фаъолият кардааст. Аз моҳи сентябри 2024 то кунун дотсенти криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият кардааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 17. 02.1990 с.

Шарипов Саймузафар Саймузафарович

Мансаб: 

Унвони илмӣ: дотсент

 Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:  ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: Соли 2007 факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ-ро хатм намудааст.

  Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2021 дар мавзуи «Иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғон (аз рӯйи маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)»» рисолаи номзадиашро дифо намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:  Солҳои2007-2010 муаллими факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 2010-2013 адъюнкти факултети №3 Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия; солҳои                    2013–2021 ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; соли  2021 н.и.ҳ., муаллими калон, аз соли 2022 то ин ҷониб дотсенти кафедраи                                                 криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.     

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 28. 04.1985 с.

Насриддинов Муҳаммадзафар

Мансаб: 

Унвони илмӣ: 

 Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: 

Мукофот ва унвон: 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: Соли 1982 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) хатм намудааст.

 Дифои рисолаи номзадӣ:

Дифои рисолаи докторӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:  Фаъолияти кориро солҳои 1982- 1985 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети                                           ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

оғоз намудааст. Солҳои 1985- 1990 ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи

В.И. Ленин; солҳои1990 -2013  мудири лабораторияҳои кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; аз соли 2013 то  айни  ҳол   мудири лабораторияи криминалистӣ, муаллими калони кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии  факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 24.03.1956 с.