Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][vc_column_text]

Мудири кафедра — д.и.ҳ., профессор, Диноршоҳ Азиз Мусо
Суроға: 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 4, утоқҳои 407, 414, 416.
Телефон: 224-35-19
E-mail: constitutionallawdepartament@gmail.com

[/vc_column_text][cq_vc_separator title=”” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][vc_tta_accordion style=”modern” color=”sky” spacing=”1″ gap=”1″ active_section=”1″ no_fill=”true” collapsible_all=”true”][vc_tta_section title=”Расмҳои устодони кафедра” tab_id=”1584072122092-97ea2257-0d35″][vc_column_text]

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Таърих” tab_id=”1584072225856-b51c62e7-4dbd”][vc_column_text]Яке аз зуҳуроти инкишофи минбаъдаи маълумоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳи кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони шӯравии факултети ҳуқуқи ДДТ(соли 1962)  мебошад. Кафедра дар заминаи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ ба вуҷуд омада нахустин мудири он дотсент  Г.Н. Манов буд. Баъди ҳиҷрати ӯ дар соли 1966, дотсент  С.М. Қосимов ба вазифаи мудири кафедра таъин гардид.  Соли 1971 дотсент А.Н.Мавлонов, соли 1990 доктори илмҳои ҳуқуқ Н.Б.Бобоҷонов, соли 1994 дотсент А.И. Имомов,  соли 2005 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра К.Н.Холиқов, соли 2006 дотсент Х.Ойев  ва соли 2011 ба вазифаи мудири кафедра дотсент Диноршоев А.М. интихоб гардидаанд.

Дотсентони кафедра А.М.Мавлянов, С.М.Қосимов,  К.Н.Холиқов солҳои дароз сарварии факултетро ба ӯҳда доштанд.    Дар кафедра силсилаи курсҳои махсуси масоили муҳими конститутсионӣ- ҳуқуқӣ хонда мешаванд.

Ба хотири таъмин намудани раванди таълим бо китобҳо аз тарафи муаллимони кафедра як қатор китоб ва васоити таълимӣ ба табъ расидаанд.

Масалан, соли 1962 дотсент С.М.Қосимов китоби «Шӯроҳои шаҳрии депутатҳои меҳнаткашон дар марҳалаи ҳозира»-ро ба чоп расонд. Соли 1972 дотсент  А.М.Мавлонов  китоби «Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар даврони сохтмони социализм», соли 1981 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1984 китоби «Нақшаҳо оид ба ҳуқуки давлатӣ ва сохтмони советӣ», соли 1986 дотсент А.И.Имомов китоби «Шахсият: ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ», соли 1997 китоби «Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд», соли 1998 китоби «Проблемы конституционного развития Республики Таджикистан (1992-1998 гг.)» соли 2001 китоби «Интихобот ва парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2003 китоби «Укрепление государственности и формирование гражданского общества в Таджикистане» ва якчанд дигар китобҳо ва васоитҳои таълимиро ба нашр расонидаанд. Дотсент А.И.Имомов муаллифи китоби дарсии «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Инчунин дар кафедра аз тарафи устодон якчанд васоити таълимӣ ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, дотсент Х.Ойев «Хидмати давлатӣ»; К.Н.Холиков «Становление и развитие института конституционного надзора в Республике Таджикистан» ва «Конституционное судопроизводство в Республике Таджикистан», Б.С.Гадоев «Референдум как институт конституционного права», «Правовые проблемы организации и проведения референдума в РТ»;  А.М.Диноршоев «Соблюдение права на жизнь в Республике Таджикистан в аспекте применения смертной казни», «Конституционно-правовые основы разделения властей в Таджикистане»; Якубова С «Маджлиси Оли –парламент Республики Таджикистан».

Соли 1992 кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони шӯравӣ ба номи «Ҳуқуқи конститутсионӣ» тағйир дода шуд. Як қатор муаллимони кафедра соли 1994 дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намудаанд.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти илмӣ” tab_id=”1584072253901-5e3361b2-2078″][vc_column_text]

   Ҳоло кафедра тамоми нерӯи худро барои эҷоди базаи таълимӣ-методии ихтисосҳои кафедра: масоили таҳқиқи илмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи низоми намояндагӣ дар партави амалӣ сохтани принсипҳои тақсими қудрат муттамарказ сохтааст. 

   Дар солхои охир кафедра ба якчанд дастовардҳои илмӣ сазовор шуд.  Дотсент А.И.Имомов бо унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дотсент Холиқов К.Н. бо медали «Меҳнати шоиста» сарфароз гардонида шуданд. Инчунин се муаллими кафедра  Б.С. Гадоев, А.М. Диноршоев  дар Донишгохи Давлатии  Маскав ба номи М.В. Ломоносов ва С.Н.Якубова дар Академияи давлатии ҳуқуқии шаҳри Москва рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти омӯзгорӣ” tab_id=”1584072284699-6851c30d-54dd”][vc_column_text]

Фанҳои таълимӣ:

  • Ҳуқуқи конститусионии ҶТ;
  • Ҳуқуқи маъмурӣ ва мурофиаи маъмурии ҶТ;
  • Ҳуқуқи конститусионии мамлакатҳои хориҷӣ;
  • Низоми намояндагӣ;
  • Ҳуқуқи маъмурии  ҶТ ва мамлакатҳои хориҷӣ;

Фанҳои тахасусӣ:

  • Ҳуқуқи парлумонӣ;
  • Хидмати давлатӣ;
  • Падидаи демократияи бевосита;
  • Мурофиаи маъмурӣ;
  • Мурофиаи Суди конститутсионӣ.

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра” tab_id=”1584094067568-65efbbbb-9af6″][vc_column_text]

ҲИСОБОТ

оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар бахши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, такмили раванди таълим ва вусъат додани корҳои тарбиявӣ дар соли хониши 2016-17

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар асоси қонунгузории амалкунанда, Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, факултет, фармоишҳои Ректори донишгоҳ, қарорҳои садорат ва дастуру таъинотҳои декани факултет, Нақша-чорабиниҳои факултет барои соли 2016 фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар кафедраи «Ҳуқуқи конститутсионӣ» дар соли ҳисоботи 20 устоди доимӣ ва 2 муаллими соатбайъ, аз ҷумла 1 профессор, доктори илм, 5дотсент, номзади илмҳо, 1 муаллими калони унвондор, ва 2 ассистенти унвордор ки  аз онҳо ду нафар зан, 2 нафар муаллими калон ва 9 ассистент аз онҳо ду нафар зан кору фаъолият доранд.

Синну соли миёнаи устодони кафедра 45 солро ташкил медиҳад.

Дар  соли ҳисоботӣ кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар бахшҳои илм, таълим ва тарбия ба дастовардҳои зерин ноил шудааст.

 

 

  1. 1.                  Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ.

 

Дар кафедра аз 22-нафар устодон, 19 нафари онҳо бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. . 2 нафар ассистентон Ѓаниев Ҷ. ва Саидов С. моҳи январи соли 2017 ба мавзӯи илмӣ ва роҳбари илмӣ таъмин гардиданд, ки дар соли 2018 ба Нақшаи КИТ ворид карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки устодони кафедра фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро мувофиқи нақшаи кори илмӣ-тадқиқотии барои соли 2016-ум тасдиқ гардида ба роҳ монда, аз рӯи самт ва масоилҳои муқарраргардида фаъолият намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ устодони кафедра ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, маводҳои таълимию мақолаҳои илмӣ тайёр ва чоп намуданд. Дар кафедра синну соли устодони бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машғулбуда гуногун мебошад (яъне устоди аз ҳама ҷавони кафедра 22 сола ва аз ҳама куҳансол 77 сола), аз 22 нафар устодон 1 нафар доктори илмҳои ҳуқуқ, 8 нафарашон номзадҳои илми ҳуқуқ, аз ҷумла 2 нафар зан  мебошанд. Соли сипаришуда, як нафар ассистенти кафедра Салохидинова С.М. бо мувафақият рисолаи номзадии худро дар Шӯрои дифои Донишгоҳи давлатии Москва бо номи Ломоносов дифоъ намуд. Инчунин як ассистент Соибов З. аз муҳокимаи аввалини диссертатсия дар кафедра гузаштааст ва дар арафии омодагӣ ба дифоъ қарор дорад.

Дар баробари ин дар варианти аввал рисолаи номзадии ассистентон Саиданваров К.Ҷ., Сулаймонов М., Камолов Ш., Қодиров Ҷ. омода шуда, барои омӯзиш ба роҳбарони илмӣ пешниҳод гардид. Ассистент Наимов Б. Ѓ. дар асоси бурсияи давлатии «Дурахшандагон» ба Донишгоҳи давлатии дустии халқҳои Руссия дохил шудааст. Ду нафар дотсентон Гадоев Б.С. ва Марифхонов Р.Н. дар докторантура таҳсил доранд.

Дар давраи ҳисоботи устодони кафедра 8 монография, 1 китоби дарсӣ, 12 васоити таълимӣ, 80 мақолаҳои илмӣ ба табъ расониданд ва ба зиёда аз 20 конференсияҳои илмӣ-амалӣ (байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ, муколамаҳои илмӣ, мизи мудаввар ва ғ.), дар  навиштани тақризу хулосаҳо ба корҳои илмиӣ-тадқикотӣ, қонуну дастурҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ширкат варзиданд.

Дар баробари ин аз ҷониби устодони кафедра (Диноршоев А.М., Имомов А.И., Гадоев Б.С., Ҷамшедов Ҷ.Н., Ойев Х.О., Қодиров Ҷ., Соибов З.) оид ба ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ ва худидораи маҳаллӣ лоиҳаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуд. Оид ба ихтисосҳои 12.00.02ва 12.00.14, шиносномаи ихтиссос омода карда шуд.

Дар назди кафедра МИД-и «Давлатшиносӣ» зери роҳбарии Соибов З. фаъолият менамояд, ки то имрӯз дар асоси Нақшаи тасдиқшуда бо иштироки донишҷӯёни фаъол ва роҳбарони илмии худ аз ҳисоби устодони кафедра 20 маҳфил баргузор намуд ва дар он 50 нафар донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

 

  1. 2.     Такмили раванди таълим.

 

Дар давраи ҳисоботӣ ба 22 нафар кормандони штатӣ ва соатбайъи кафедра, дар маҷмӯъ 12729 соат сарбории таълимӣ тақсим карда шуд.

Машғулиятҳои лексионӣ, семинари (амалӣ) устодони кафедра дар асоси силлабус ва матни лексияи бо қарори кафедра ва Шӯрои илмию методии факултет тасдиқ гардида сурат мегирад. Ба донишҷӯён пеш аз оғози дарс дар шакли электронӣ маводи таълимӣ пешниҳод гардидааст.

Роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани рейтингҳои фосилавӣ, санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра дуруст ба роҳ монда шудааст.

Барои донишҷӯён дар давраи ҳисоботӣ 12 васоити таълимӣ ва 6 барномаи таълимӣ бо назардошти тағйири нақшаи таълимӣ нашр карда шуд.

Дар ин давра 3 нафар устодони кафедра (Саиданваров Қ., Имомов Ҳ., Соибов З.) аз такмили ихтисос гузаштанд ва соҳиби диплом гардиданд.

Барои дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо Нақшаи дарсҳои кушод ва иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ омода гардида, дар маҷлисҳои кафедра аз натиҷааш хулосаҳо шунида шуд.

Дар назди кафедра ихтисоси Идораи давлат ва ҳуқуқ таъсис дода шудааст, ки дар он дар гуруҳҳои рузона (гуруҳи русӣ ва тоҷикӣ) ва ғоибона зиёда аз 350 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Инчунин дар назди кафедра гуруҳи магистрӣ оиди тахассуси мазкурки дар он 4 донишҷӯ таҳсил мекунад ташкил карда шудааст. Барои ихтисоси мазкур стандарти ихтисосӣ ва нақшаи таълимӣ бо назардошти гузариш ба таҳсилоти дузинагӣ омода карда шуд.

 

  1. 3.      Вусъат додани корҳои тарбиявӣ.

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 7 нафар устодони кафедра (Саидов С. – курси 1 ИДҲ (т), Соибов З. ва ЃаниевҶ  – курсҳои 2 ИДҲ Диноршоев А.М  – курсҳои 3 ИДҲ, Камолов Ш. – курси 5 ИДҲ, Саиданваров Қ. курси 4 гуруҳи умумӣ ва Сулаймонов М. курси 2 умумии русӣ) корҳои тарбиявӣ ва дарси кураторӣ баргузор карда шуд.

Аз ҷониби устодони кафедра навбатдорӣ дар кафедра, факултет ва хобгоҳ дуруст ба роҳ монда шудааст.

Устодони кафедра дар 30 барномаи телвизиониву радиоӣ дар мавзӯҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баромадҳо намуданд.

Инчунин бояд таъкид намуд, ки устодони кафедра (Диноршоев А.М., Ҷамшедов Ҷ, Қодиров Ҷ.) моҳҳои феврал ва апрели соли 2016 ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи январи соли 2017 ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияиҳои кишвар бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар сафарбар гардида буданд.

Устодони кафедра дар ҳама чорабиниҳои факултет, донишгоҳ ва кишвар ширкати фаъолона менамоянд.

 

  1. 4.                Самтҳои рушди кафедра

Ба ҳамаи дастовардҳои номбаршуда нигоҳ накарда, дар кафедра то ҳол баъзе мушкилиҳо ва камбудиҳо вуҷуд доранд. Аз ҷумла:

– камбудани теъдоди устодони унвондор (дар кафедра устодоне ҳастанд, ки зиёда аз даҳсол собиқаи кори доранд, вале то ҳол ҳимояи рисолаҳои илмиро анҷом надодаанд);

– аз баъзе фанҳои тадрисшавандаи кафедра то ҳол маводҳои таълими дар ҳаҷми кофи вуҷуд надорад;

– тибқи маълумотҳои садорати факултет аз ҷониби устодони кафедра дарсшиканӣ ё ивазкунии бемувофиқа ба чашм мерасад.

 

Мудири кафедраи ҳуқуқи конститусионии

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,

докториилмҳоиҳуқуқ, профессор                                                Диноршоҳ А.М.  

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Ҳайати кадрӣ” tab_id=”1584094153993-da2daf0d-5cf9″][cq_vc_accordion contentcolor=”#333333″][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Диноршоев Азиз Мусоевич”]Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: Мудири кафедра

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқу конститутсионӣ, ҳуқуқуи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи инсон.

Мукофот ва унвон: 


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1996-2001, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2006 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Асосҳои конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлати дар ҶТ” дифоъ намудааст.

Дифои рисолаи докторӣ:

Соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии танзим ва амалигардонии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2001-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

07 октябри соли 1979, дар шаҳри Душанбе таввалуд шудааст[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Имомов Ашурбой Имомович”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: Дотсент

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ

Ҳуқуқу конститутсионӣ, ҳуқуқи парлумонӣ, низоми намояндагӣ.

Мукофот ва унвон: ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ, Аълочии маорифи халқ.


Шарҳи  мухтасари  ҳол

Маълумот:

1962-1967, Факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И.Ленин.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 1971 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Шурои ноҳиявии вакилони меҳнаткаш (аз рӯи маводҳои ҶШС ТоҶикистон)” дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1970-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

01 марти соли 1939,  таввалуд шудааст.

 [/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ойев Холмаҳмад”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: Дотсент

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи маъмурӣ, хидмати давлатӣ

Мукофот ва унвон: 


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1975-1980, Факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи Ленин.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 1988 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Правовое обеспечение  развития подсобного хозяйства  и ремесла в сфере сельского хозяйства» дифо намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1999-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

18 июни  соли 1954, таввалуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Яқубова Сабоҳат Нарзуллоевна”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: Дотсент

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқу конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ, низоми намояндагӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1987-1993, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Маҷлиси Олӣ-парлумони ҶТ” дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2002-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

3 октябри соли 1968 таввалуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ҷамшедов Ҷамшед Назаршоевич”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ                                                              

Мансаб: Дотсент

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи маъмурӣ, хидмати давлатӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи  мухтасари  ҳол

Маълумот:

1991-2000, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2011 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(самти ҳуқуқи маъмурӣ)” дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2012-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

18 ноябри соли 1973, таввалуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Қодиров Ҷурабек Шарифович”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: Муаллими калон

Унвони илмӣ: Муаллими калон

Дараҷаи илмӣ: нет

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1994-1999, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: –

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1999-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

3 марти соли 1976 таввалуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Камолов Шайхмуҳаммад Ҳамзаевич”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: Ассистент

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Низоми намояндагӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1997-2002, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: –

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2003-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсионии  факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

1 майи соли 1980,  таввалуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Маърифҳонов Расул Нурматович”]


Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: докторанти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2002-2007, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

соли 2013 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Масоили танзими ҳуқуқии расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2007-то ҳол дар кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият менамояд.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

24 декабри соли 1983 дар ш.Турсунзода таввалуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Маърифҳонов Расул Нурматович”]


Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: докторанти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2002-2007, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

соли 2013 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Масоили танзими ҳуқуқии расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2007-то ҳол дар кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият менамояд.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

24 декабри соли 1983 дар ш.Турсунзода таввалуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Наимова Сайёра Обидҷоновна”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: Ассистент

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1996-2002, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: –

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2003-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

07 июля соли 1979, таввалуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Раҳмон Далер Сафарбек”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: Ассистент

Унвони илмӣ: Ассистент

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи суди конститутсионӣ

Мукофот ва унвон: 


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2004-2009, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: –

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2009-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

03 майи  соли 1988,  таввалуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сулаймонов Манучеҳр Субҳоналиевич”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: Ассистент

Унвони илмӣ: Ассистент

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Низоми намояндагӣ, ҳуқуқи мунисипалӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2006-2011, Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:: –

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2011-то ҳол – кафедраи ҳуқуқи конститутсиони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

22 июни  соли 1989, ноҳияи Восеъ таввалуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Салоҳиддинова Симо Муҳаммадиевна”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ:

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: 

Ҳуқуқи конститутсионӣ

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи  мухтасари  ҳол

Маълумот:

 

Дифои рисолаи номзадӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

 

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Соибов Зайниддин Маҳмадшарифович”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: 

Ҳуқуқи конститутсионӣ

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи  мухтасари  ҳол

Маълумот:

 

Дифои рисолаи номзадӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

 

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Саиданваров Қурбоншоҳ”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ:

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: 

Ҳуқуқи конститутсионӣ

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи  мухтасари  ҳол

Маълумот:

Дифои рисолаи номзадӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ғаниев Ҷомӣ”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: ассистент

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи конститутсионӣ

Мукофот ва унвон: 


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

 

Дифои рисолаи номзадӣ: –

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

 

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Саидов Собирҷон”]

Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

Мансаб: ассистент

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи конститутсионӣ

Мукофот ва унвон: 


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

 

Дифои рисолаи номзадӣ: –

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

 

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

[/cq_vc_accordion_item][/cq_vc_accordion][/vc_tta_section][/vc_tta_accordion][/vc_column][/vc_row]