Дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ клиникаи ҳуқуқӣ фаъолияти пурсамар дошта, ба шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонад. Клиникаи ҳуқуқӣ барои такмили донишҳои ҳуқуқии ҳам шаҳрвандон ва ҳам донишҷӯён, инчунин, дар самти пайвастани илм бо амалия саҳми назарраси худро хоҳад гузошт. Бояд қайд намуд, ки ба клиникаи мазкур шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд муроҷиат намоянд. Клиникаи ҳуқуқӣ дар самтҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, соҳибкорӣ, мурофиавӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар рафти тафтишот ва мурофиаҳои судӣ ва дигар самтҳои муҳимми ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа ба шаҳрвандон машварат ва кумаки ҳуқуқӣ мерасонад. Фаъолияти клиникаи ҳуқуқӣ аз ҷониби устодони пешбар ва донишҷӯёни фаъоли факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба роҳ монда мешавад.
Бояд гуфт, ки фаъолияти клиника ба чунин самтҳо равона гардидааст: алоқаманд намудани назария бо амалия ва илм бо истеҳсолот; баланд бардоштани маҳорату малака ва хулосабарории донишҷӯёни ҳуқуқшинос дар масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ; баланд бардоштани касбият ва этикаи касбии ҳуқуқшиносони оянда; дар зеҳну тафаккури донишҷӯён бедор намудани эҳсоси масъулият ва ҳавасмандсозии онҳо ҷиҳати амиқтар аз бар намудани соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузорӣ; дастгирӣ ва кумак барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ; фароҳам овардани шароити мусоид дар самти гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён; расонидани ёрии ҳуқуқии касбӣ ба шаҳрвандони камбизоат; сохтани барномаҳои маълумотдиҳанда барои оилаҳои камбизоат; баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ; расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ; расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ; ташкил ва баргузор намудани семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар дар самти ҳуқуқшминосӣ; нашри маълумот ва машваратҳои ҳуқуқӣ дар ВАО; ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, махсусан мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; ба роҳ мондани робита бо дигар марказҳои ёрии ҳуқуқӣ; ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ғ.
Агар ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас мехоҳед ба почтаи электронии мазкур муроҷиат намоед: dustmurod0000@mail.ru











