Лабораторияи криминалистӣ 

Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос, ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи саводнокии донишҷӯён дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ лабораторияи криминалистӣ фаъолият менамояд. Ба истифода додани лабораторияи криминалистӣ ва ҷиҳозонидани он бо техникаҳои муосири криминалистӣ ба низоми омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Лабораторияи криминалистӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, дорои палигони (толори) гузаронидани амалҳои тафтишӣ, синфхонаи суратгирии криминалистӣ, лабораторияи трассалогӣ ва дактилоскопӣ (пайи ангушт), лабораторияи баллистикӣ, лабораторияи силоҳи сард, лабораторияи хатшиносӣ ва тадќиќоти техникӣ-криминалистии ҳуҷҷат, синфхонаи габитологӣ, толори конфронс ва бойгонӣ мебошад. Дар лаборатория шароити мусоид барои донишҷӯён ҳам барои фасли сармо ва ҳам фасли гармо фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон тарҳи нав ва замонавии лаборатория имконият медиҳад, ки дар толорҳои он конференсияҳо, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмии донишҷӯён ва дарсҳои амалӣ-криминалистӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ гузаронида шаванд. 

Лаборатория бо ҷомадони криминалистӣ, воситаҳои аёнӣ (стендҳо), воситаҳои ченкунӣ, микроскопҳо, видеофилмҳои криминалистии таълимӣ, фотоаппаратҳои рақамӣ, хокаҳои дактилоскопӣ, чуткаҳои дактилоскопӣ, воситаҳои илмӣ- техникии ҷустуҷӯкунандаи, бастаҳои махсуси нигоҳдорандаи тирҳои силоҳи оташфишон мавҷуданд, ки он ҳама дар ҷараёни машғулиятҳои амаливу лабораторӣ васеъ истифода бурда мешаванд.

Дар лаборатория толорҳои аксбардории криминалистӣ, симошиносии криминалистӣ, трасология ва дактилоскопия, силоҳи сард, амали тафтишӣ, баллистикаи криминалистӣ, хатшиносии криминалистӣ, тадқиқоти техникию криминалисти ҳуҷҷатҳо ва толори баргузор намудани  дарсҳои лексионӣ мавҷуд ҳастанд.

Дар толори амали тафтишӣ машғулиятҳои амалии амалҳои тафтишӣ баргузор мегарданд. Мақсад аз баргузор намудани чунин машғулиятҳо аз омӯхтани тарзҳо ва усулҳои баамалбарории амали тафтишӣ мебошад. Толор бо маводҳои зарурӣ таҷҳизонида шудаааст.

Дар синфхонаи аксбардории криминалистӣ ба донишҷӯён тарзи дурусти аксбардории ҷойи ҳодиса, далелҳои шайъӣ, пайҳо, ҷасад ва дигар объектҳо омӯзонида мешавад.

Дар синфхонаи симошиносии криминалистӣ ба маълумоти донишҷӯён аз рӯйи симои зоҳирии инсон тарзи муайян намудани аломатҳои шахсии инсон омӯзонида мешавад.

Дар синфхонаи дактилоскопӣ усулҳои омода намудани дактилокарта, гирифтани пайҳои ангуштони дасти инсон (чӣ аз шахси воқеӣ ва чӣ аз ҷойи ҳодиса) омухта мешавад.

Дар синфхонаи трасологияи криминалистӣ тарз ва усули пайдо намудани пайҳо дар ҷойи ҳодиса ва тарзи гирифтани онҳо ба донишҷӯён мешавад.

Дар синфхонаи баллистикаи криминалистӣ ба донишҷӯён бо истифода намудани микроскопҳои муқоисавӣ раванди муқоиса кардани лавозимотҳои ҷангӣ, аз қабили тирҳои силоҳи оташфишон ба донишҷӯён фаҳмонда мешавад.

Дар синфхонаи хатшиносӣ ва муаллифшиносии криминалистӣ бо истифода аз микроскопҳо, пурбинҳо усулҳои муайян намудани ҳусни хат, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва дигар ҳолатҳои он ба донишҷӯён фаҳмонда мешавад.