МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ

Ҳуқуқи интихоботӣ масъалаи муҳиммӣ назария ва амалияи ҳуқуқшиносӣ мебошад, зеро яке аз қадимтарин ниҳодҳои ҷомеаи башарӣ буда, унсурҳои он ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ маълум буд. Масалан, дар Юнон ва Рими Қадим дар замони ҷумҳурият ниҳоди интихобот дар раванди таъсисёбии давлат нақшу мавқеи муҳим дошт. Дар замони муосир махсусан дар барқарор шудан ва интихоби шакли идоракунии ҷумҳурӣ ба ниҳоди муҳиммӣ давлатӣ табдил ёфта ва яке аз нишонаҳои демократикунонии кишвар низ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар адабиёти муосири илмии ҳуқуқшиносӣ оид ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Масалан, проф. В.В.Маклаков қайд мекунад, ки «интихобот» ин расмиёти таъсиси мақомоти давлатӣ ё ваколатдор намудани шахси мансабдор фаҳмида мешавад. Аммо метавон гуфт, ки мафҳуми ҳуқуқи интихоботиро ба ду маъно дарк намудан зарур аст. Ба маънои субъективӣ ва объективӣ.

Ба маънои субъективӣ ҳуқуқи интихобот ин шаҳрвандоне, ки соҳиби ҳуқуқи интихоб шудан ва интихоб карданро доранд фаҳмида мешавад.

Ба маънои объективӣ бошад, ҳуқуқи интихобот ин падидаи ҳуқуқи конститутсионӣ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳукуқие иборат аст, ки раванди интихоби номзадҳоро ба мақомоти намояндагӣ ва ба мансабҳои интихобӣ танзим менамоянд.

Дар асоси мафҳумҳои болозикр мақсад ва хусусиятҳои ҳуқуқи интихоботиро пешкаш намудан мумкин аст:

  1. Ҳуқуқи интихоботӣ падидаи мурракаби сиёсиву ҷамъиятӣ мебошад;
  2. Ҳуқуқи интихоботӣ падидаи ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад, зеро аз ибтидо дар Конститутсияҳои Тоҷикистон, ки солҳои 1937, 1978 амал мекарданд ҷой махсусро доштанд ва имрӯз низ дар ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчуни падидаи алоҳида мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешавад.
  3. Ҳуқуқи интихоботӣ аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст, яъне ин муносибати муҳимми сиёсиро Конститутсияи ҶТ, қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва вакилони халқ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии зерқонунӣ танзим мекунад.
  4. Ҳуқуқи интихоботӣ раванди интихоби номзадҳоро ба мақомоти намояндагӣ ва ба мансабҳои интихобӣ танзим менамоянд;
  5. Ҳукуқи интихоботӣ бо максади таъмини сулҳ, вахдати миллӣ, субботу ҳамдигарфахмӣ анҷом дода мешавад;
  6. Ҳуқуқи интихоботӣ бо мақсади амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон анҷом дода мешавад.

 Қайд кардан зарур аст, ки ҳукуқи интихоботӣ агар падади ҳуқуқи конститутсионӣ бошад, пас яке аз дастовардҳои бузург ва нодири ҶТ дар солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ ин қабули Конститутсияи ҶТ маҳсуб меёбад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Конститутсияи ҶТ бо дарназардошти ба эътибор гирифтани беҳтарин арзишҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешрафти давлатҳои мутаммаддини дунё, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафта, таҷрибаи давлатдорӣ ва суннату одатҳои таърихии миллии тоҷикон таҳия ва қабул карда шуда, ҳуқуқу вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро дар боб ва моддаҳои алоҳида ҷой намудааст. Яке аз ин ҳуқуқҳо, ҳуқуқҳои сиёсӣ мебошад, ки дар моддаҳои 6, 27,28,29,30 ва 31 – уми Конститутсияи ҶТ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи моддаи 27-уми Конуни асосии кишвар шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Дар моддаи 6-уми Конститутсияи ҶТ халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилон амалӣ менамояд.

Ҳулас, моҳияти мавзӯи мазкур дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқи интихоботӣ ин шакли усулҳо, ҳолатҳо ва кафолатҳои муқаррар кардашудаи давлат аст, ки тавассути онҳо Халқ дар интихобот ва райъпурсӣ иштирок намуда, мақсаду мароми худро амалӣ карда ба ин восита дар идоракунии давлат саҳм мегузорад. Илова бар ин, интихобот, ташкил ва баргузории он нишонаи демокративу ҳуқуқбунёдии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад ва бо ҳамин тарз барои хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварда, бо мақсади таъмини сулх, ваҳдати миллӣ, субботу ҳамдигарфахмӣ анҷом дода мешавад. Ҳамчунин ҳуқуқ ба интихобот ва кафолати давлатии он яке аз роҳҳои боло бурдани обру ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ буда, кафили якпорчагии кишвар ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шахрванд мебошад ва бовари ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар калби хар як тоҷику Тоҷикистони аз беҳтарин ва арзишмантарин комебиҳои падидаи интихобот ба ҳисоб меравад.