Таҳти ин унвон санаи 10-уми декабри соли 2016 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи омӯзгорону аспирантон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории он гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки баргузории конфронси мазкур ба якчанд санаҳои фархунда, аз ҷумла 10-солагии таъсиси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, рӯзи ҳуқуқи инсон, 68-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, 50-солагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рост меояд. Ҳануз 10 сол муқаддам дар ҳаёти илмӣ ва таълимии факултет воқеаи фараҳбахше ба вуқуъ пайваст. Соли 2006 нахустин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна дар ҳайати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ таъсис ёфт. Ҳангоми таъсис ёфтан кафедра аз 1 доктори илм, 1 номзади илм ва 5 ассистент иборат буд. Бо гузашти начандон вақти тулонӣ устодони кафедраи мазкур ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардиданд. Имрӯз дар кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ 5 доктори илм, 4 номзади илм ва 5 ассистент ба фаъолияти илмиву таълимӣ машғул мебошанд. Дар ин муҳлат аз ҷониби устодони он якчанд китобҳои дарсӣ, монография, фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи инсон, воситаҳои таълимӣ ва дигар маводи илмию таълимӣ ба табъ расонида шуд.
Дар маҷмӯъ қайд карда шуд, ки кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ имрӯз ба як ниҳоди асосии таҳлили илмии ҳуқуқи инсон табдил ёфта, ҳамзамон, устодони он бо мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамзамон дар кори конфронс муовини ректори ДМТ оид ба илм, доктори илмҳои кимиё, профессор Сафармамадов С.М.; Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ализода Зариф; раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С.; вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сафарзода Б.А. ва мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Азизов У.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи конференсия маърӯзаҳои устодон, аспирантон ва унвонҷӯён шунида шуд. Аз ҷумла Холиқзода А.Ѓ. – раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзӯи «Аҳамият ва зарурияти омӯзиши ҳуқуқи инсон дар замони муосир»; Раҳмон Д.С. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Дурнамои инкишофи низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тақвиятёбии тамоюлҳои муосири ҳуқуқӣ»; Диноршоҳ А.М. – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд»; Қодирқулов Х.Р. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Масоили паноҳгоҳ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар»; Курбанов К.Б. – доцент кафедры гражданского права юридического факультета ТНУ, кандидат юридических наук на тему «Понятие и особенности частной жизни в гражданском праве»; Идиев Ф.Ф. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ: дар мисоли Аврупова ИДМ»; Бобоева Н.И. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Ҳикмати Эъломияи Куруши Кабир вобаста ба ҳуқуқҳои инсон»; Искандаров Ш.Ф. – ассистент кафедры прав человека и сравнительного правоведения юридического факультета ТНУ на тему «Институт комиссий по правам человека и его роль в обеспечении прав и свобод человека в Республики Таджикистан»; Саъдизода Дж. – ассистент кафедры прав человека и сравнительного правоведения юридического факультета ТНУ на тему «Закрепление прав и свобод человека в Конституции Республики Таджикистан»; Раҷабов М.Н. – мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент дар мавзӯи «Нақши СММ дар раванди ташаккули ниҳодҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон»; Азизов У.А. – заведующий кафедрой прав человека и сравнительного правоведения юридического факультета ТНУ, доктор юридических наук, профессор на тему «Защита жизни, здоровья, чести и достоинство человека в правовой системе зороастризма»; Шоев Ф.М. – старший преподаватель кафедры прав человека и сравнительного правоведения юридического факультета ТНУ на тему «Общечеловеческие ценности в учениях Мухаммада Газали»; Саидов И.И. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Инкишофи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсии шаҳрвандон дар Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 ва Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937»; Миралиев И. Қ. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар давлати иҷтимоии ҳуқуқбунёд»; Абдуллоев П. – ассистент кафедры судебного права и прокурорского надзора юридического факультета ТНУ, кандидат юридических наук на тему «Реализация и защита прав человека в сфере международного сотрудничества по уголовным делам»; Исозода П. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқукшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявии маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Бухориева С.М. –унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият – омили рушди ҳуқуқу озодиҳои занон»; Одиназода С.В. – аспиранти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқукшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар»; Мизробов Ш.Ш. – аспиранти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак»; Давлатов Д.Д. – ассистенти кафедраи криминалистика ва экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандони ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидаткунанда»; Саидов Ҳ.М. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Баъзе аз масъалаҳои муҳимми амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба истифодаи оби нӯшокӣ»; Саломов И. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ»; Абдулхайрзода Ҷ. – аспиранти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Раҳмонзода Ш. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ дар мавзӯи «Таносуби ҳуқуқи байналхалқии башардӯстӣ ва ҳуқуқи инсон»; Салохидинова С.М. – ассистент кафедры конституционного права на тему «К вопросу о культуре предпринимательства»; Холова Н.Р. – соискатель кафедры конституционного права на тему «Институт судебной защиты: признаки и сущность»; Азизматзода Х. – соискатель кафедры прав человека и сравнительного правоведения юридического факультета ТНУ на тему «Современные модели реализации принципа разделения властей»; Қудбудинов Ф.Ш. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти мусоид».
Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода,таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърузаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, таклифу андешаҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки тоҷикон аз даврони қадим ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ мегузоштанд, ки далели он соли 539 то мелод қабул гардидани Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Дар даврони Истиқлолият низ ин анъанаи ниёгон идома дода шуда, дар сатҳи конститутсионӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон карда шуд. Таъсиси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар ҳайати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ қадами муҳиме дар самти омӯзиши ҳуқуқи инсон ва дар ҳар як фард ташаккул додани фарҳанги ҳуқуқи инсон мебошад. Аз ин рӯ, иштирокчиёни конференсия боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва дар онҳо шакл гирифтани фарҳанги ҳуқуқи инсонро вазифаи аввалиндараҷаи олимони ҳуқуқшинос арзёбӣ намуданд.