Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Вадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Санаи 22-юми декабри соли 2016 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии  кишвар ироа гардид. Чун ҳамасола дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи устодон, кормандон ва донишҷӯён тамошои пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

     Рушду инкишофи устувори минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ, густариши ҳаёти фарҳангию ҳуқуқӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани  шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон, таълим ва тарбияи толибилмону донишҷуён, тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, густариши фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳукуқ дар самти муқовимат бо экстремизму терроризм ва коррупсия, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати оштинопазир бо терроризму экстремизм, таъмини амният  ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат, вусъат додани робитаҳои беруна бо шарикони стратегӣ аз мавзӯҳои асосии Паёми имсола ба ҳисоб мерафтанд.

      Ҳамзамон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурурстӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

     Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  тасмим  гирифтааст, ки омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  кишварро дар ҷаласаи васеи ҳайати устодону кормандони факултет ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои он нақша – чорабиниҳои факултетро таҳия, тасдиқ ва ба мавқеи иҷро вогузор намояд.