Нимаи аввали рӯзи 24.06.2015 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мавқеи Ваҳдати миллӣ дар густариши низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 18-умин солгарди таҷлили иди Ваҳдати миллӣ бо иштироки доираи васеъи омӯзгорон ва кормандони факултет, олимон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ доктори илмҳои ҳуқуқ Насурдинов Э.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки нақши Ваҳдати миллӣ дар густариши сулҳу суббот ва оромии ҷомеа, пешбурди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии мардуми кишвар, ҳамзамон дар ташаккули низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Ҳамчунин дар кори мизи мудаввар муовини ректор оид ба илм профессор Сафармамадов С.М. иштирок ва бо паёми табрикӣ баромад намуданд. Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи мизи мудаввар маърӯзаҳои устодони факултет Идиев Ф.Ф. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии иҷроиши ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Соибов З.М. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар инкишофи мақомоти гумрук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърузаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар музокира устодони факултет Сангинов Д.Ш., Маҳмудов И.Т., Азизов У.А., Шарипов Т.Ш., Искандаров З.Ҳ.. Ѓаюров Ш.К., Фозилов Н.Н., Сафаров А.И., Азимов Н.Б., Бозоров Р., Қодирқулов Х.¸ Саидов Ҳ.Х., Саъдизода Ҷ., Ҳамдамова Ш.М. баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бояд аз ҷониби тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун гавҳараки чашм эъмин нигоҳ дошта шавад.