Нимаи аввали рӯзи 11.03.2016 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи ««Омилҳои инкишофи низоми ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқии инсону шаҳрванд ва таъмини манфиатҳои миллӣ дар партави лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки доираи васеъи омӯзгорон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввари мазкур гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳалаи имрӯзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд.
Ҳамчунин дар кори конференсия муовини ректор оид ба илм, доктори имлҳои кимиё, профессор Сафармамадов С.М. иштирок ва вобаста ба лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия андешаашро иброз намуд. Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи мизи мудаввар маърӯзаҳои устодони факултет Маҳмудов И.Т. – номзади имлҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои амниятӣ ва такмили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар партави лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қурбонализода Н.Ш. – номзади имлҳои ҳуқуқ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия асоси мукаммалгардонии ҳуқуқу уҳдарориҳо» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ доданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар музокира устодони факултет Сангинов Д.Ш., Ѓафуров А.Д., Ѓаюров Ш.К., Диноршоев А.М., Сафарзода А.И. ва дигарон баромад намуда, андешаҳои худро иброз доштанд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ кулли иштирокчиён лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Конститутсия пуштибонии амиқ намуда, иброз доштанд, ки ҳар нафари ватандӯсту меҳанпараст дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, ба ояндаи худ раъй диҳанд.