Муовини декан оид ба таълим дар шакли таҳсилоти фосилавӣ

Каримзода Даврон Бобомурод н.и.ҳ., дотсент.

Каримзода Даврон Бобомурод 8 июли соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Каримзода Даврон Бобомурод соли 2013 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшинос дохил шуда, муассисаи таълимии мазкурро соли 2018 бо дипломи “Аълочӣ” хатм кардааст.

Фаъолияти кориро аз ҳамин донишгоҳ оғоз намудааст. Солҳои 2018-2024 ҳамчун ассистент ва аз соли 2024 ҳамчун дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия. Солҳои 2022-2024 муовини декан оид ба тарбия дар шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва низоми таҳсилоти кредитии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ. Аз моҳи февралӣ соли 2024 муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи фосилавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таъин гардидааст.

Соҳиби унвони илмии дотсент буда, рисолаи номзадиашро соли 2022 дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан» аз руи ихтисоси 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалогия;хуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-019 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намудааст.

Аз фанҳои хуқуқи ҷиноятӣ, хуқуқи иҷрои чазои ҷиноятӣ, сиёсати хуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, муковимат бо терорризм ва экстремизм, сиёсати зиддикоррупсионӣ, ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ба шогирдон дарс мегуяд.

Номбурда дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар саҳми назаррас дошта, барои хизматҳои пурсамараш дар тарбияи мутахассисони ҷавон бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ; Ифтихорномаи ДМТ; Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ; Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ сарфароз шудааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.