Раҳимзода Муъмин Сайфулло – н.и.ҳ., дотсент
Раҳимзода Муъмин Сайфулло 8-уми июли соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2004 ба шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шудааст. Соли 2007-ум аз шуъбаи ғоибона ба шуъбаи рӯзона интиқол ёфта, онро соли 2010 хатм намудааст. Соли 2017 ба шуъбаи ғоибонаи факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2020 бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намудааст. Солҳои 2010-2014 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2011-2022 ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2022 то инҷониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2022 ба вазифаи муовини декан оид ба илм ва инноватсия таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Раҳимзода М.С. ба кори илмию таҳқиқотӣ машғул буда, дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ: вазъи батанзимдарории ҳуқуқӣ, амалия ва дурнамои инкишофи он» соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-059 (ҳоло 6D.KOA-019)-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.
Аз фанҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, назорати прокурорӣ ва курси махсуси «Адвокатураи судӣ» ба донишҷӯён дарс мегуяд.
Муаллифи беш аз 30 корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар кори конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка (2015), Ҷумҳурии Қазоқистон (2022, 2023) сафари хизматӣ анҷом додааст.
Раҳимзода М.С. дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар саҳми назаррас дошта, барои хизматҳои пурсамараш дар тарбияи мутахассисони ҷавон бо «Ифтихорномаи» Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021), бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (соли 2022), бо «Сипосномаи» Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2022) сарфароз шудааст. Беш аз 13 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад.
Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.