Нимаи аввали рӯзи 29.08.2015 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид. Дар ҷаласа асосан масъалаҳои омодагӣ ба соли хониши 2015-2016, қабули довталабон, вазъи ҷойгиркунии донишҷӯёни факултет дар хобгоҳҳои донишгоҳ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳаёти факултет баррасӣ гардид.
Нахуст, декани факултет д.и.ҳ, Насурдинов Э.С. ҳамаи аъзоёни Шурои олимонро ба соли нави хониш табрик намуда, ба эшон дар самти таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-эҷодӣ муваффақиятҳои беназирро орзу намуд. Қайд гардид, ки тамоми устодони факултет бояд ба соли нави хониш омодагии ҷиддӣ дошта, шурӯъ аз 1-уми сентябр ба таълим ва тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз рӯи масъулияти баланди хизматӣ муносибат намоянд.
Сипас, вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа муовинони декан оид ба таълим ва тарбия Мирзоев П.З., Камолов И.И. ва Идиев Ф.Ф. ахбор манзур намуданд. Дар маҷмӯъ қайд карда шуд, ки факултети ҳуқуқшиносӣ барои ба роҳ мондани ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ барои соли таҳсили 2015-2016 пурра омода буда, дар ин самт силсилаи тадбирҳои ташкилиро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла тамоми синфхонаҳо ва воситаҳои техникӣ ба соли хониш омода буда, донишҷӯёни ниёзманд бо хобгоҳ таъмин гардиданд.
Дар интиҳои ҷаласа раиси Шӯрои олимони факултет ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани тамошои пахши мустақими «Дарси сулҳ», ки аз ҷониби Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллохи Рӯдакӣ баргузор мегардад, аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.