Наврӯз ба мо ҷашни умумибашар аст,
Наврӯз баробарии шамсу қамар аст.
Наврӯз сари сол ва оромиши қалб,
Наврӯз зафармандӣ ба ҳар кори шар аст.
Доим назаре кунем ба фардои накӯ,
Бо фахру ғурур ҳусн афрозсар аст.
Покизагии қалб зи рӯи амал аст,
Покии амал ба рӯзи нав муътабар аст.
Имрӯз ба мардумон гӯем накӯ,
Зеро сухи нек беҳ аз симу зар аст.
Аз кинаву бухл, Дониёр, дурӣ ҷӯй!
Дилсофии ту ба тахти Ҷам болу пар аст.
Дониёр Сангинӣ