Парваридам дар вуҷудам тифлро чун ҷони худ,
Бо таппиши қалби ӯ эҳсос кардам они худ,
Нуҳ маҳи том парваридам мисли як лахти ҷигар,
Аз азоби худ нагуфтам, ҳеҷ аз афғони худ.
Лаҳзаи тавлиди ту ҷонбозие буд баҳри ман,
Гиряатро чун шунидам, шод аз меҳмони худ.
Лучу урёну заъифу нотавонат дидаам,
То тавонмандат бубинам, даргузаштам з-они худ.
То ки гардӣ дастгиру модаратро пуштибон,
Нони худро шир карда, додам аз пистони худ.
Ҷисми нимҷони туро бо ҷону дил парвардаам,
То ки рӯзи пириям бинам туро дар бони худ.
Гоми аввал монданат бо дасти ман буд боҳавас,
Бо умеде, ки диҳиям чун асо дастони худ.
Аввалин ҳарфат ниҳодам дар забон бо шавқи дил,
То ки бо лафзи матинат ҳифз сози шони худ.
Тарбия аз баҳри меҳандӯстӣ кардам туро,
Ҳифзи модар ҳам Ватан боистӣ армони худ.
Орзуҳо монд дар дил, вой аз фарзанди бад,
Гашт хоин миллатамро, сӯхт ҳам виҷдони худ.
Эй фалак, гар заҳматамро музд модар куштан аст?!
Рӯзи маҳшар дод хоҳам сахт аз Яздони худ!
Дониёр Сангинӣ