Факултети ҳуқуқшиносӣ ҳар сол бо назардошти имкониятҳо ва эҳтиёҷоти кафедраҳо ба шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дархост навишта шумораи ҷойҳоро барои довталабон муайян менамояд. Масъалаи ҳуҷҷатсупорӣ, қабул ва дигар расмиётҳо ба аспирантура, докторантура ва унвонҷуӣ дар шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. Асоси ҳуқуқии қабул ва таҳсили аспирантон,докторантон ва унвонҷуён ин Низомномаи «Тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» , ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 таҳти рақами № 6/4 тасдиқ шудааст ба ҳисоб меравад.
Барои қабул шудан ба сифати унвонҷӯӣ ба мудири аспирантура (докторантура)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи ректори ДМТ;
- варақаи шахсии аз тарафи шӯъбаи кадрҳои ҷои кори асосӣ тасдиқгардида;
- тавсиянома аз ҷои кори асосӣ;
- номи мавзӯи илмӣ, якҷоя бо нақшаи васеи корӣ;
- диплом оид ба хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (барои шахсоне, ки ба таври унвонҷӯӣ аз болои рисолаи докторӣ кор мебаранд –дипломи номзади илм ва аттестати дотсентиро низ пешниҳод менамоянд);
- маълумотнома оид ба супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (барои шахсоне, ки аз болои рисолаҳои номзадӣ кор мебаранд).
Унвонҷӯён барои супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ ва тайёр намудани рисола барои гирифтани дараҷаи номзади илм ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимие, ки аз рӯи ин ихтисос аспирантура доранд ва дорои заминаи хуби илмӣ ва кадрҳои баландихтисос мебошанд, вобаста карда мешаванд.
Унвонҷӯён 2 сол барои супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ ва 3 сол барои тайёр намудани рисолаи номзадӣ (рисолаи докторӣ) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вобаста карда мешаванд. Мӯҳлати умумии вобастагӣ барои тайёр намудани рисолаи номзадӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бояд аз 5 сол зиёд набошад.
Барои қабул намудани шахс ба ҳайси унвонҷӯ тартиботи зерин маҷуд аст:
А. Унвонҷӯй бояд дар кафедра бо роҳбари илмии ояндаи худ суҳбат намуда аз суҳбат гузарад;
Б. Ректори ДМТ дар асоси натиҷаи мусоҳибаи унвонҷӯй бо роҳбари илмии ояндаи ӯ ва пешниҳоди кафедра дар бораи вобаста намудани унвонҷӯй ва тасдиқ намудани роҳбари илмӣ фармон мебарорад.
В. Унвонҷӯй дар мӯҳлати 2 моҳ ба кафедра нақшаи кории худро бо роҳбари илмии худ мувофиқа намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
Г. Нақшаи корӣ ва мавзӯи рисолаи унвонҷӯй аввал дар маҷлиси кафедра, баъдан дар Шӯрои олимони факултет тасдиқ карда мешавад.
Д. Унвонҷӯёне, ки нақшаи кории солонаи худро иҷро карда натавонистаанд, аз вазифаи унвонҷӯйӣ хориҷ карда мешаванд.
Унвонҷӯён аз китобхона, лаборатория, ҳуҷраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро ройгон истифода карда метавонанд.
Унвонҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вобасташуда ҳуқуқи имтиҳонҳои минимуми номзадиро аз фанҳои фалсафа, забони хориҷӣ ва ихтисос супоридан доранд. Агар муассисаи вобасташуда ҳуқуқи қабули имтиҳонҳоро надошта бошад, дар он сурат ба унвонҷӯй барои супоридани имтиҳонҳо ба дигар муассисаҳое, ки аспирантура доранд ва ҳуқуқи қабул намудани ин имтиҳонҳоро доранд, иҷозат дода мешавад.
Унвонҷӯёне, ки барои навиштани рисолаи доктори илм кор мекунанд ва аз рӯи прблемаҳои рӯзмарраи иҷтимоию иқтисодӣ ё самтҳои бартариноки тадқиқоти илмии бунёдӣ ба натиҷаҳои назаррас комёб шудаанд, метавонанд ба вазифаҳои кормандони илмӣ ба мӯҳлати то ду сол барои таҳияи рисолаи дараҷаи илмии доктори илм гузаронида шаванд. Ба унвонҷӯёни ба вазифаи кормандони илмӣ гузаронидашуда маоши вазифаи пештараи онҳоро нигоҳ дошта, ҳуқуқи ба ҷои пештараи корашон гузаштан дода мешавад.
Барои анҷоми рисолаи илмии дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо аз ҷои корашон ба мӯҳлати баробар бо се ва шаш моҳ бо нигоҳ доштани музди кор рухсатии эҷодӣ дода мешавад.