Тайёрии довталабон барои дохил шудан ба факултети ҳуқуқшиносӣ дар заминаи Шуъбаи тайёрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Шуъбаи тайёрӣ аз моҳи сентябри соли 1969 то августи соли 1992 фаъолият дошт. Моҳи октябри соли 2001 шуъбаи тайёрӣ аз нав ба фаъолият шуруъ намуд. Мақсади асоси шуъба баланд бардоштани савияи дониши шунавандаҳо ва тайёр намудани онҳо барои дохил шудан ба факултети ҳуқуқшиносӣ ва дигар факултетҳои Донишгоҳ мебошад.
Таҳсил дар шуъбаи тайёрӣ бо тариқи шартномавӣ буда, муҳлати таҳсил 8 моҳро дар бар мегирад. Мутобиқи банди 26 – и Низомномаи шуъбаи тайёрӣ ба хатмкунандагоне, ки имтиҳони хатмкуниро бо муваффақият супоридаанд, гувоҳнома бо самти номи фанни имтиҳонӣ ва баҳои гузошташуда дода мешавад.
Шунавандагон дар сурати имтиҳони хатмкуниро бо муваффақият супоридан, метавонанд бе имтиҳон ба шуъба ва ихтисоси дахлдори Донишгоҳ бо тариқи ғайриройгон қабул шаванд.