Соли нави мелодии 2017 муборак ҳамдиёрони азиз!

      Садорат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кули мардуми шарифи кишварро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2017 самимона табрику шодбош гуфта, барояшон танисҳативу рӯзгори обод, саодатмандию сарбаландӣ, хотири ҷамъу фараҳмандӣ, зиндагонии пурнишот ва нерӯю матонати бештареро дар ҷодаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири таъмини зиндагонии шоистаи ҳар як сокини кишвар ва пешрафти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз таманно доранд.

      Бигузор аз файзубаракати соли нав дастурхони мардуми шарифи Тоҷикистон пур аз нозу неъмат, хонадони ҳар як оилаи тоҷик пур аз нишоту хурсандӣ, қалби кули сокинон ва фарзандони фарзонаю сарбаланди Тоҷикистони азиз лабрез аз фараҳу шодӣ бошад. Орзуманди онем, ки ваҳдатудӯстии мардумонамон қавитар ва нурҳои офтоби сулҳу ваҳдат болои сари давлатамон дурахшонтар ҷилвагар бошад. Умедворем, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии мардуми тамаддунофару фарҳангсолор, ватандӯсту заҳматкаши тоҷик таҳти сарварии роҳбари оқилу тавоно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли навнуфузу эътибори давлати Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ боз ҳам афзуда, сатҳи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандони кишвари азизамон бамаротиб боло меравад.

     Мо ҷавонон худро аз он шоду масрур мебинем, ки масъалаи дастгирии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва шарафу номуси ватандорӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Эълон шудани соли 2017 – ҳамчун Соли ҷавонон дар кишвар дар Паёми навбатии Президенти ҶумҳурииТоҷикистонба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон аз мо омӯзгорону профессорон масъулияти дучандро дар самти тарбияи ҷавонони худогоҳу худшинос, меҳанпарасту ташаббускор, донишманду босавод ва бархӯрдор аз дастовардҳои илму технологияи муосир тақозо менамояд. Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ омодагии амиқи хешро ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷодаи пуршараф изҳор медорад.

     Фарорасии Соли нави мелодии 2017-ро бори дигар бароятон табрик гуфта, ба Шумо дар фаъолияти доманадор ва масъулиятноки давлатию ҷамъиятиатон, ки барои пешрафти Тоҷикистон ва ҳимояи манфиатҳои сокинони шарафманди он нигаронида шудаанд, бурдборӣ ва пирӯзиҳои беназир таманно дорем.