Асоси ҳуқуқии таҳсили ройгони донишҷуён дар факултети ҳуқуқшиносӣ ин пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар моддаи 41- и Конститутсия қайд гардидааст, ки ҳар шахc ҳуқуқи таҳсил дорад. Давлат таълими миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва мувофиқи қoбилият дар асоси озмун таълими миёнаи махсус ва олии бепулро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медихaд.
Ба ғайр аз Конститутсия масъалаи таҳсили ройгони донишҷуён дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба танзим дароварда шуда дар он қайд мегардад, ки шахс метавонад ба таври ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот дар асоси озмун таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ гирад (моддаи 6). Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ба таври ройгон сурат мегирад (моддаи 20).
Шумораи довталабон барои таҳсил дар бахши буҷавии факултети ҳуқуқшиносӣ ҳар сол дар асоси мувофақаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида қабул дар асоси озмун сурат мегирад. Довтабоне, ки имтиҳонҳои қабулро бо мувафақият месупоранд ба сафи донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносӣ дар асоси фармони ректори Донишгоҳ қабул мегарданд.
Раёсати донишгоҳ бо довталабоне, ки дар гурӯҳҳои буҷавӣ ба сафи донишҷӯён қабул шудаанд, дар асоси банди 7-уми «Низомнома дар бораи бо маром тайёр кардани мутахассисони маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.04.1996, №137) созишномаи сеҷониба ба имзо мерасонад. Тибқи ин созишнома донишҷӯ баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба кор фиристода мешавад. Дар мавриди иҷро нагардидани бандҳои ин созишнома маблағи таҳсил аз ҷониби донишҷӯ ба буҷаи давлат баргардонида мешавад.
Донишҷуёне, ки дар бахши буҷавии факултети ҳуқуқшиносӣ таҳсил менамоянд стипендияи ҳармоҳа пардохт карда шуда шахсони эҳтиёҷманд ба ҷойи истиқомат бо хобго ҳ таъмин карда мешаванд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз соли 2009-ум (Боби 4, моддаи 21, зербанди 11) донишҷӯ дар мавридҳои зерин аз факултет хориҷ карда мешавад:
- бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;
- бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;
- барои давомоти нокифоя ( Зиёда аз 36 соат);
- барои қарздории академӣ;
- пас аз рухсатии академӣ ба таълим шурӯъ накардан;
- дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳон;
- барои содир кардани ҷиноят;
- пас аз фавт;
- барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.