ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ихтисоси “Танзими ҳуқуқии молия ва қарз” дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Ҳадафи барнома – тайёр намудани ҳуқуқшиносони касбӣ-мутахассисоне мебошад, ки на танҳо донишҳои заминавии назариявӣ, балки малакаи корӣ, қобилияти амалии фаъолияти умумии касбӣ дар мақомоти давлатӣ, бонкҳо, биржаҳо, ташклотҳои молиявӣ ва суғуртавӣ, бунёдҳои сармоягузорӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии дигари самти иқтисодӣ, хадамоти иқтисодии корхонаҳо ва ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликият, ҳамзамон дар вазифаҳое, ки доштани маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ зарур мебошад сафарбар мегардад.

Фаъолияти мутахассиси танзими ҳуқуқии молия ва қарз барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳал намудани масоили иқтисодӣ равона гардидааст.